Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Оқсой роҳи Ворух-Исфараро боз карданд


Сокинони деҳаи наздимарзии Оқ-Сойи Қирғизистон роҳи мошингарди фаромарзии байни Ворух ва қаламрави аслии Тоҷикистонро боз карданд. Дар ин бора сардори раёсати корҳои дохилаи ноҳияи Ботканди Қирғизистон Болотбек Кундузов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, кормандони ниҳодҳои қудратӣ ба маҳалли ҳодиса омада, миёни сокинон корҳои таблиғотӣ анҷом доданд ва баъд аз он гирдиҳамомадагон пароканда шуданд.

Қаблан сокинони маҳаллӣ хабар дода буданд, ки имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон роҳсозони қирғизро иҷозаи гузар ба Тамдиқ надоданд ва дар посух қирғизҳо роҳро бастанд.

Дар сарҳади миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон даҳҳо қитъаи баҳсталабе ҳастанд, ки пайваста мавриди ихтилофҳо қарор гирифта, боиси даргириҳои марзӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG