Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия тиҷораташро бо Русия ҷиддан коҳиш доданист


Туркия метавонад аз харидории гази русӣ ба далели вайрон кардани ҳарими ҳавоии ин кишвар тавассути ҳавопаймоҳои низомии Русия даст кашида, сохтмони нахустин нерӯгоҳи ҳастаиро, ки Русия месозад, қатъ кунад. Ҳамчунин Туркия метавонад ба Русия содироти ғизое, ки зери таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупост, манъ кунад. Дар ин бора раиси ҷумҳури Туркия Реҷеп Эрдуғон пеш аз сафараш ба Ҷопон дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҳуррият” гуфтааст.

Ба гуфтаи Эрдуғон «Туркия харидори аслии гази Русия аст» ва худдорӣ аз харидани он “барои Русия бохти ҷиддие хоҳад буд”.

Қарордоди бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ байни Русия ва Туркия соли 2010 имзо шуда, интизор меравад, ки сохтмони он соли 2020 ба поён расад. Аммо Эрдуғон изҳор дошт, ки Туркия метавонад барои иҷрои ин тарҳ ба кишварҳои дигар муроҷиат кунад, ҳарчанд Русия дар он алаккай қариб 3 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Туркия мухолифи тақвияти нерӯи низомии Русия дар Сурия аст ва ҳушдор медиҳад, ки вайрон кардани ҳарими ҳавоии он минаъд ҳамла ба НАТО шумурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG