Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонӣ аз Асад Русияро бо сунниҳо душман мекунад


Вокуниши хашини давлатҳои асосан суннимазҳаби Ховари Миёна ба бомборони мавқеъҳои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангии Русия метавонад нуфузи Маскавро дар ин минтақа сахт коҳиш диҳад.

Туркия, Арабистони Саъудӣ, Қатар, Урдун ва чанд кишвари дигари Ховари Миёна аз Маскав талаб доранд, то бомбаборони муттасилро, ки аз 30 сентябр ба ин сӯ идома доранд, қатъ кунанд. Дар Сурия асосан мавқеъҳои мухолифини дунявӣ ва мӯътадили режими раисиҷумҳур Башор Асад мавриди зарбаҳои ҷонкоҳ қарор мегиранд, дар ҳоле, ки Кремл иддао дорад ҳавопаймоҳояш фақат муассисаҳои низомии гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро бомбаборон мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, хашми давлатҳои арабӣ ба он хотир аст, ки онҳо аз мақом канор рафтани Башор Асадро гоми аввал дар хатми ҷанги беш аз чаҳорсола дар Сурия мехонданд ва пуштибонии низомии Русия аз ин режим шояд боиси ба дарозо кашидани хушунат дар ин кишвар шавад.

ЧАРО РУСИЯ ХУДРО ДАР ЧАШМИ СУННИҲО БАД МЕКУНАД?

Мухолифати ҳукуматҳои кишварҳои арабӣ ба бомбаборон аз сӯи Русия тақрибан якдилона аст, мегӯяд, Пол Дю Кенуа, устоди таърих дар Донишгоҳи амрикоии Бейрут, ки айни ҳол дар донишгоҳи Ҳокккайдои Ҷопон дарс мегӯяд. “Русия бештар ба мавқеъҳои гурӯҳи дунявии "Артиши озодихоҳи Сурия" ва гурӯҳҳои мусаллаи мухолифин, ки аз суннимазҳабҳо иборатанд, зарба мезанад, дар кишварҳои арабӣ бошад аксари мардум суннимазҳабанд”. Арабистони Саъудӣ ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс ҳамроҳ бо Туркия ба гурӯҳҳои суннимазҳаб барои сарнагунсозии режими Башор Асад, ки мансуб ба алавиҳо, як шохаи мазҳаби шиа аст, миллионҳо доллар ироа мекунанд.

Эътирозҳо алайҳи зарбаҳои ҳавопаймоҳои Русия дар ҷомеъаи араб ҳам афзоиш меёбад. Даҳҳо рӯҳониёни аршади Арабистони Саъудӣ рӯзи 5 октябр аз давлатҳои арабӣ ва мусалмоннишин хостанд, ки ба ҷиҳод алайҳи ҳукумати Сурия ва ҳампаймонҳои калидияш - Русияу Эрони шиамазҳаб кӯмаки маънавӣ, сиёсӣ ва низомиро дареғ надоранд.

Зимнан, таҳлилгарони рус ба дигар паҳлӯи ин мавзӯъ ишора мекунанд. Дар Русия тақрибан 20 миллион мусалмонҳо ба сар мебаранд, ки аксари онҳо суннимазҳабанд. Бомбаборони мавқеъҳои мухолифини суннимазҳаби Башор Асад шояд боиси эътирозҳо дар Чеченистон ва Доғистон шавад. Зимнан, дар Доғистон 49 дар садди сунниҳо ва фақат 2 дар сади шиаҳо ба сар мебаранд.

Эътирозҳои моломол аз қаҳру ғазаб метавонанд боиси бохти дипломатӣ ва нокомии иқтисодии Русия шавад, ки солҳои ахир барои таҳкими робитаҳояш бо кишварҳои арабӣ вақту маблағи зиёдеро сарф кардааст. Яке аз ҳадафҳои Маскав аз таҳкими ин робитаҳо ворид кардани сармояи арабҳо ба Русия буд - ин сармоя дар вазъе, ки иқтисоди Русия бар асари пойин рафтани қимати нафт ва таҳримҳои Ғарб барои дахолати Кремл ба умури Украина ба шикаст мувоҷеҳ шудааст, метавонист "нӯшдору"-е барои Маскав бошад. Дахолати Русия ба умури Сурия шояд боиси канда шудани риштаи робитаҳо шавад, ҳадс мезанад Дю Кенуа.

Дар ҳамин ҳол Маскав дар кишварҳои суннимазҳаб ҳам манфиатҳои зиёди иқтисодӣ дорад ва, аз ҷумла, Миср, Урдун ва Туркия бозори хубе барои фановариҳои Русия дар бахши энерҷии ҳастаӣ маҳсуб мешаванд.

То ҳол фақат як кишвари арабӣ – Миср аз аъмоли Маскав дар Сурия истиқбол кардааст. Самеъ Шукрӣ, вазири умури хориҷии Миср, рӯзи 4 октябр умедворӣ кард, ки дахолати Русия дар мубориза бо терроризм дар Сурия муаасир хоҳад буд ва барои аз байн бурдани терроризм кӯмак хоҳад кард.

Борис Зилберман, таҳлилгари масоили минтақа дар Бунёди дифоъ аз кишварҳои демократӣ, қароргоҳаш дар Вошингтон, мегӯяд, ба назар мерасад, ки барои Қоҳира ҳамкорӣ бо Русия аз барканории Башор Асад дида хело муҳимтар аст. Мавқеъи Қоҳира, аз нигоҳи ӯ, ба гунае “арзи миннатдорӣ” ба Русия барои созишҳои иқтисодӣ, хариду фурӯши силоҳ ва ҳамкорӣ дар бахши ҳамкорӣ оид ба энерҷии ҳастаии осоишта аст.

УМЕД БА "МАВҶИ ТУРКӢ" КАМТАР ХОҲАД ШУД

Дар ҳоле, ки эътирозҳо алайҳи зарбаҳои Маскав ба мавқеъҳои мухолифини давлати Сурия дар кишварҳои арабӣ рӯз то рӯз боло мегиранд, ба назар мерасад, ки хашму ғазаб дар Туркия, дигар кишваре, ки солҳои ахир бо Русия робитаҳои қавитар барқарор намуд, ба авҷи аъло расидааст. Анкара, ки якуним моҳ боз ҳавопаймоҳояш дар ҳайати Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони Амрико ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ зарба мезананд, аз нақзи чандинкарати ҳарими ҳавоияш дар марз бо Сурия аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангии Русия сахт ба хашм омадааст. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 6 октябр гуфт, ки кишвараш ин амали Русияро таҳаммул намекунад ва Маскав бояд бидонад, ки агар дӯстеро чун Туркия гум кунад, чизи зиёдеро аз даст хоҳад дод. Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия, рӯзи 7 октябр, изҳор намуд, ки Туркия дар робита ба амнияти марзҳову ҳарими ҳавоияш ба ягон хел гузашт розӣ нахоҳад шуд.

Аарон Стайн, як корманди Шӯрои Атлантик, қароргоҳаш дар Вошнигтон, мегӯяд, Анқара аз сӯи ҳавопаймоҳои низомии Русия халалдор шудани ҳарими ҳавоияшро чун ҳушдори Маскав барои дахолат накардан ба умури Сурия арзёбӣ мекунад ва маҳз ба ҳамин хотир сахт хашмгин шудааст. Русия барои расонидани ин паём ба Анкара барқасдона ҳарими ҳавоии ҳампаймони азалияш Туркияро вайрон мекунад, мегӯяд ӯ. Гап сари он меравад, ки ҳавопаймоҳои Русия шояд ба шимоли Сурия ҳам зарба зананд, ба манотиқе, ки таҳти назорати ошӯбгарони зери ҳимояти Туркия қарор дорад ва маҳз пирӯзии ин ошӯбгарон дар моҳҳои ахир Сурияро маҷбур сохт то барои кӯмак ба пуштибонҳои хориҷияш Русия ва Эрон муроҷиат намояд.

Аз нигоҳи Аарон Стайн жарфтар шудани низоъ дар Сурия, бо вуҷуди муносибатҳои самимии Раҷаб Тайид Эрдуғон ва Владимир Путин, таҳкими робитаҳои сиёсӣ миёни Анқараву Маскавро мушкил мекунад. Аммо таҳлилгар мутмаин аст, ки на Русия ва на Туркия барои коҳиши робитаҳои иқтисодӣ шитоб нахоҳанд кард. Туркия – бузургтарин бозор барои содироти гази Русия тавассути лӯлаи гази қаъри Баҳри Сиёҳ аст ва Маскав мехоҳад, ки тавассути ин лӯла газашро ба кишварҳои ҷануби Аврупо интиқол медиҳад. Аз сӯи дигар, шаҳрвандони Русия ба бахши сайёҳиву ҷаҳонгардии Туркия даромади зиёд ворид мекунанд.

Пуштибонӣ аз президенти Сурия Русияро бо сунниҳо душман мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Мақомоти Русия рӯзи 7 октябр гуфтанд, онҳо интизор надоранд, ки қаҳру ғазаби Анқара аз қазияи халалдор шудани ҳарими ҳавоӣ ба нақшаи сохтани лӯлаи нави газ аз тариқи қаъри Баҳри Сиёҳ монеъ шавад. Қарор аст ин лӯла, ки “Мавҷи туркӣ” (“Турецкий поток”) унвон шудааст, гази Русияро ба марзи Туркияву Юнон барад. Маскав ба бунёди ин лӯлаи газ сахт умедвор аст, ҳарчанд Иттиҳодияи Аврупо соли гузашта садди роҳи ин тарҳ шуд - Брюссел “Газпром”-и Русияро дар истифода аз методҳои инҳисорӣ дар бозори Аврупо айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG