Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Қирғизистон дар Минск дубора фаъол шуд


Қурмонбек Боқиев
Қурмонбек Боқиев

Сафорати Қирғизистон дар Белорус баъди се соли аз сӯи Бишкек боз хондани сафири кишвар дар Минск фаъолияташро аз сар гирифт. Нурлан Суерқулов рӯзи 7 октябр хабар дод, ки сафири кишвар дар Белорус Кубаничбек Омуралиев ваколатномаи худро ба раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко супурд.

Бишкек моҳи августи соли 2012, баъд аз сарпечии Минск барои истирдоди раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва чанд узви хонаводаи ӯ, сафираш дар Белорусро бозхонд. Боқиев барои даст доштан дар куштори тақрибан сад эътирозгар дар инқилоби соли 2010 аз сӯи додгоҳи Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Баъд аз инқилоби лолагӣ Қурмонбек Боқиев, аҳли хонаводаи ӯ ва баъзе ҳаммаслаконаш, дар Белорус панаҳ бурданд.

Минск чанд талаби расмии мақомоти Қирғизистон барои истирдоди Боқиев ва пайвандони ӯ ба Бишкекро рад кард.

Имсол Қирғизистон расман ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё пайваст, ки ба он Русия, Белорус, Қазоқистон ва Арманистон шомиланд.

XS
SM
MD
LG