Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории ду вазири калидӣ дар Туркманистон


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, дар чаҳорчӯби тағйирот дар сохторҳои қудратӣ вазири амнияти миллӣ ва вазири дифоъро аз мақомҳояшон барканор кард. Вазири ҳамакнун пешини амнияти миллӣ генерал-лейтенант Яйлим Бердиев ба ҷойи генерал-майор Бегенч Қундоқдиев вазири дифоъ таъин шуд. Курсии вазири амнияти миллиро генерал-лейтенант Гуйчгелдӣ Хоҷабердиев ишғол кард.

Сабаби тағйирот дар ин ду вазорати калидӣ расман эълон нашудааст. Аммо хабаргузориҳо навиштаанд, ки раҳбари Туркманистон шояд бино ба шадидтар шудани авзоъ дар марз бо Афғонистон даст ба тағйирот зада бошад.

XS
SM
MD
LG