Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи интиқоли нерӯи барқ ба Қирғизистону Афғонистон


Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ин иқдом дар пайи коҳиш ёфтани мизони оби маҷрои дарёи Вахш, ки дар он аксари нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон бунёд шудаанд, гирифта шудааст.

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ин иқдом дар пайи коҳиш ёфтани мизони оби маҷрои дарёи Вахш, ки дар он аксарияти нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон бунёд шудаанд, гирифта шудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”, 7 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "интиқоли барқ ба кишварҳои Афғонистону Қирғизистон қатъ шудааст. Ҳоло мо кулли хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқро таъмир карда, ба давраи зимистон омодагӣ мебинем."

Ҷаноби Ёдгорӣ афзуд, маҳз ба далели таъмири хатҳои баландшиддат интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи ҷумҳурӣ низ маҳдуд шудааст, аммо то ба ҳол ширкат расман лимити барқро дар кишвар ҷорӣ накардаст.

Вай гуфт, дар ду- се рӯзи оянда ширкат расман дар интиқоли нерӯи барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ маҳдудият ҷорӣ мекунад ва ба сокинон дар мавриди чанд соат қатъ шудани интиқоли барқ дар як шабонарӯз маълумот хоҳанд дод.

Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба Афғонистону Қирғизистон ба миқдори беш аз 1 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ интиқол додааст. Аз ин миқдор нерӯи барқ 850 миллион киловат/соат ба Афғонистон бо қимати 3,7 сент барои як киловатт ва 150 миллион киловатт/ соат ба Қирғизистон бо қиммати 2,5 сентӣ фурӯхта шудааст.

Дар давоми 9 моҳи солӣ ҷорӣ Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 37 миллион доллар фоида гирифтааст.

Ҳоло бинобар иттилои ширкати “Барқи тоҷик” ҳаҷми оби дарёи Вахш 384 кубометр дар як сонияро ташкил медиҳад. Ин миқдор об танҳо барои таъмини аҳолии деҳот ҳамагӣ бо 9 соат барқ дар як шабонарӯз кифоят мекунад.

XS
SM
MD
LG