Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ва мақомоти Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 5-уми октябр бӯҳрони шиддатгирандаи муҳоҷиронро дар шаҳри Брюссел баррасӣ карданд. Иттиҳодияи Аврупо аз Эрдуғон талаб дорад, ки пеши роҳи ҳазорон муҳоҷиру паноҳандаро бигирад, ки аз тариқи Туркия худро ба соҳилҳои кишварҳои иттиҳодия мерасонанд. Доналд Туск, раиси Шурои Аврупо, ки дар канори Раҷаб Тайиб Эрдуғон меистод, гуфт “Бидуни баҳс бояд Аврупо бояд худаш марзҳояшро дуруст мудирият кунад, вале мо айни чизро аз Туркия интизор дорем. “ Раиси ҷумҳури Туркия гуфт, кишвараш бо қабули 2 миллион муҳоҷир аз Сурия мушкилоти бузургеро бар дӯш гирифтааст ва аз Брюссел хост, дар ин замина кумак кунад. Олмон мегуяд, мумкин аст, то охири имсол якуним миллион нафар дар ин кишвар дархости паноҳандагӣ кунанд. Айни замон мухолифати мардуми Олмон ба пазируфтани паноҳандагон зиёдтар мешавад ва рӯзи 5-уми октябр ҳазорон нафар дар шаҳри Дрезден бо раҳпаймоӣ Ангела Меркел, садри аъзами Олмонро ба “хиёнат” ва “ҷиноят ба зидди мардуми Олмон муттаҳам карданд,”