Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш ба густариши ҳамкориҳо дар заминаи бунёди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим манфиатдор аст.
Шукурҷон Зуҳуров, субҳи рӯзи 6 октябр дар ҳамоиши байналмилалии “Дурнамои иқтисодии АвруОсиё” дар шаҳри Остона гуфтааст, “Татбиқи нақшаи камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим барои кишварҳои Авруосиё дар рушди иқтисод ва густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратӣ дар масири Роҳи бузурги Абрешим неруи муҳим буда метавонад”.
Аз сӯйи дигар, ин гуна ҳамкориҳо шароити мусоидро барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷӯҳи кишварҳои сармоягузор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилӣ фароҳам овардава дар маҷмӯъ, барои беҳтар гардидани некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимнан, камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим дар канори кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва давлатҳои Қафқозро низ фаро гирифта ва роҳи баромад ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аст.