Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи “Water Catalyst Award” ба Сироҷиддин Аслов


Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҷоизаи “Water Catalyst Award” сарфароз гардид.

Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин ҷоиза дар ҷараёни сафари Сироҷиддин Аслов ба Канада, ки бо даъвати Пажӯҳишгоҳи об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи СММ сурат гирифтааст, ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон эҳдо шуд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Атоӣ, ҷоизаи “Water Catalyst Award” аз ҷониби Донишгоҳи СММ соле як маротиба ба кормандони фаъоли сиёсӣ ва илмӣ, ки дар самти обу ободӣ талошҳои фаровон кардаанд, дода мешавад.

Ҷаноби Атоӣ афзуд, ки дар маросими эҳдои ҷоиза, намояндагони илм ва коршиносони маъруфи соҳа, ҳамчунин кормандони дипломатии муқими Канада, Зафар Одил, раиси Пажӯҳишгоҳи оби СММ, доктори илм ширкат кардаанд.

Зафар Одил нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишварро барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об, тозагӣ ва равонии он муҳим арзёбӣ кардааст.

Пас аз эътои ҷоиза Сироҷиддин Аслов бо маърӯза дар бораи ташаббусҳои муҳими Тоҷикистон дар масъалаи об суханронӣ ва тарҳҳои нави пешниҳодиро муаррифӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG