Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз 20 ҳамлаи ҳавоии Русия дар Сурия


Харитаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия, ки телевизиони давлатии "Россия" нашр кард.
Харитаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия, ки телевизиони давлатии "Россия" нашр кард.

Русия гуфт, ҳавопаймоҳои ҷангиаш дар 24 соати охир дар Сурия 20 парвоз анҷом дода, ба 10 мавқеи созмони тундрави “Давлати исломӣ” зарба задаанд. Вазорати дифои Русия рӯзи 4 октябр буд, ин ҳамлаҳо ба урдугоҳи тамринии ҷангиён, бо шумули як коргоҳи тасмаҳои маргталабона асобат кардаанд. Маскав мегӯяд, ҳамлаҳои ҳавоияш дар Сурия, ки аз 30 сентябр идома доранд, роҳҳои таъмини ҷангиёни “Давлати исломӣ”-ро хароб карда, ба зербиное, ки барои таҳияи амалҳои террористӣ истифода мешуд, зарбаи ҷиддӣ задаанд. Ғарб ва мухолифини режими президенти Сурия Башор Асад мегӯянд, ҳамлаҳои ҳавоии Русия аз муттаҳидаш Асад ҳимоят мекунанд ва чирикиҳоеро ҳам, ки ба “Давлати исломӣ” рабт надоранд, ҳадаф мегиранд. Маскав инро рад мекунад. Фаъолони Сурия мегӯянд, бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Русия даҳҳо тан аз мардуми мулкӣ, бо шумули занону кӯдакон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG