Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

24 кушта дар ҳамлае дар канори Бағдод


Бар асари ҳамлаи маргталабонаи рӯзи 3 октябр дар як минтақаи умдатан шианишини канори Бағдод дастикам 24 нафар ҷон бохта, дастикам 61 тани дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамла дар гузаргоҳи майдони Адани минтақаи Козимия рух дод. Сухангӯи фармондеҳии Бағдод Саъд Маън гуфт, нирӯҳои амниятӣ як ҳамлагарро куштанд, вале дуи дигар худро таркондаанд. Бино ба гузориши созмоне, ки ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро пайгирӣ мекунад, масъулияти ҳамлаи Козимияро ин гурӯҳ бар ӯҳда гирифтааст. “Давлати исломӣ” пайваста нирӯҳои амниятӣ ва шиъаҳои Ироқро ҳадаф қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG