Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин шикоятҳо аз тақаллуб дар интихоботи Қирғизистон


Интихоботи парлумонии Қирғизистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз тақаллуб ҷараён дорад. Беш аз 2000 номзад аз 14 ҳизби сиёсӣ барои 120 курсии Жогорку Кенеш – парлумони ин кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ – вориди мубориза шудаанд. Вакилони парлумон барои 5 сол ва танҳо аз рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб мешаванд. Барои бори аввал дар Осиёи Марказӣ ба интихобкунандагони Қирғизистон кордҳои биометрӣ дода шудааст. Кумиссиюни марказии интихобот гуфт, то соати 13 ба вақти маҳаллӣ 20 дарсад дар овоздиҳӣ ширкат карданд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз тақаллуби овозҳо аз сӯи садҳо донишҷӯ ба раҳбарии устодони онҳо хабар медиҳад. Дар бархе ҳавзаҳо мардумро бо автобусҳо барои овоздиҳӣ овардаанд. Бархе мегӯянд, номашонро дар рӯйхат наёфтаанд ва бархеи дигар шикоят доранд, ки ба онҳо дар ивази овозашон пул пешниҳод кардаанд.

XS
SM
MD
LG