Ҷовид Иқбол, ягонаи писари Алломаи Машриқзамин Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар сини 90-солагӣ даргузашт. Ба навиштаи расонаҳои расмии Покистон, Ҷовид Иқбол аз бемории саратон ранҷ мебурд ва субҳи 3-юми октябр дар яке аз бемористонҳои шаҳри Лоҳур дунёи фониро тарк кард. Писари Аллома Иқбол яке аз додрасҳои маъруфи Покистон буд ва солҳо дар Додгоҳи олии он кишвар фаъолият кардааст. Алломаи Машриқзамин Муҳаммад Иқбол асари маъруфи худ "Ҷовиднома"-ро барои ӯ навишта буд.
Аллома Иқбол аз бузургтарин андешамандони ҷаҳони ислом дар қарни гузашта ба шумор мерафт. Ӯ бо асарҳои арзишманди худ дар эҳёи фикри динии мусалмонон нақши бузург ифо кард. Иқбол андешаҳои худ бештар дар қолаби шеър баён кард ва аксари таълифоти ӯ ба забони форсӣ мебошанд. Муҳаммад Иқбол соли 1877 дар шаҳри Сиёлкути Покистон чашм ба дунё кушод ва соли 1938 дар шаҳри Лоҳур ин ҷаҳонро падруд гуфт.