Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бедодгарии буққа дар Қаряи боло (ВИДЕО)


Бедодгарии буққа дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Рӯзи 2-уми октябр як гови нар кори яке аз шифохонаҳои бузурги шаҳри Душанберо тақрибан ба ҳам зад.

Ҷонвари бадхашм, ки аз ҳавлии яке аз сокинони хонаҳои атрофи шифохонаи Қарияи боло раҳо хӯрда буд, нимрӯзӣ ба ҳавлии шифохона ворид шуд, табибону беморонро тарсонд.

Сарпечии ҳайвон барои тарки ҳавлии шифохона ва муқовимату ҳамлаи ӯ ба атрофиён масъулони шифохонаи Қарияи болоро маҷбур кард, ки маъмури минтақавии милисаро даъват кунанд. Баъди кашмакаши зиёд ва ба по кардани ҳадди аққал ду нафар аз мардуми ҷамъомада, ба посбонон ва маъмури милиса муяссар шуд, говро аз ҳавлии шифохона берун кунанд.

Дар шаҳри Душанбе бар тибқи қарори раиси шаҳр парвариши чорво мамнӯъ аст ва ба эҳтимоли ғолиб соҳиби «буққаи» бадхашму бедодгар барои риоят накардани қарор ҷарима мешавад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG