Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Остона гуфтушуниди мухолифони Сурия оғоз меёбад


Имрӯз дар Остона даври дуввуми гуфтушунид миёни намояндагони мухолифони давлати Сурия сар мешавад.

Раҳбари маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ануар Жайнаков хабар дод, ки музокирот паси дарҳои баста ва то 4 октябр идома меёбад.

“Интизор меравад дар он Котиби Давлатӣ Гулшара Абдикаликова суханронӣ кунад,” - гуфт Жайнаков.

Намояндаи ВКХ хабар дод, ки дар бораи аъзои ҳайатҳо ва мавзӯи баҳси онҳо хабаре дар даст нест. Даври аввали ин гуфтушунидҳо дар охири моҳи май дар Остона барпо шуда буд.

XS
SM
MD
LG