Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт футболбози дастаи миллии занонаи Эрон мард будаанд


Ошкор гаштани мардҳо дар дастаи футболи занонаи Эрон сабаб шудааст, ки ҳамаи бозигарони ин тим ва тимҳои дигар аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Дар натиҷа маълум шудааст, ки шумори чунин мардон дар дастаи миллии занонаи футбол ба 8 нафар мерасидааст.

“Ҳашт бозингари тими миллии Эрон оид ба футбол миёни занҳо дар асл мард буданд, аммо мавриди ҷарроҳии ивази ҷинсият қарор нагирифтаанд”, - гуфт Муҷтабо Шарифӣ, мақоми наздик ба мусобиқоти футболи Эрон.

Дар соли 2014 чаҳор бозингари тими футболи занонаи Эрон ба далели нагузаштан аз ташхиси ҷинсӣ муваққатан аз ширкт дар бозиҳо маҳрум шуда буданд.

XS
SM
MD
LG