Пайвандҳои дастрасӣ

Вардуҷ дигарбора ба дасти Толибон гузашт


Субҳи рӯзи ҷумъа гурӯҳи Толибон минтақаи Вардуҷи вилояти Бадахшони Афғонистонро тасарруф карданд. Давлатмуҳаммад Ховар, мақомдори Вардуҷ рӯзи 2 окбрябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки садҳо ҷангҷӯи гурӯҳи Толбион аз рӯзи гузашта ба ин минтақа ҳамла карданд. Вай гуфтааст, ки бинобар нарасидани кӯмак аз марказ ба Вардуҷ, ин вулусволӣ суқут кардааст. Дар ҳамин ҳол вазорати дифои Афғонистон мегӯянд, ки амалиёт барои саркӯб кардани Толибон дар Вурдуҷ идома дорад. Афзал Амон, раиси амалиётҳои ин вазорат рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Толибон шаби гузашта ба ин ноҳия ҳамла карданд.

Вардуҷ яке аз осебпазиртарин минтақаҳои вилояти Бадахшони Афғонистон аст ва сар аз соли равон ин минтақа борҳо шоҳиди даргириҳои шадид миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон будааст. Суқути Вардуҷ ба дасти Толибон дар ҳолест, ки ҳамакнун дар вилояти Тахор ва Қундуз даргириҳои шадид миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангиёни гурӯҳи Толибон идома дорад. Вилояти Бадахшон, ки дар чанд соли гузашта аз амнтарин минтақаҳои Афғонистон ба шумор мерафт, ҳоло ба майдони фаъолияти густурдаи Толибон табдил шуда ва ноамниҳо аз минтақа ба минтақаи дигар доманаи худро васеъ мекунад ва Толибон дар инҷо дар ҳоли густариши нуфузи худ ҳастанд. Ҷирм, Аргу, Карон ва Минҷон, Роғ, Кишм, Юмгон аз дигар минтақаҳои дигари Бадахшони Афғонистон ҳастанд, ки маҳаллӣ даргириҳои мухолифони ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои давлатӣ мебошанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG