Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Амрико ба Оҷонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон


Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба Оҷонси амнияти ҳастаии Академияи Илмҳои Тоҷикистон ба маблағи 250 ҳазор доллари амрикоӣ кқмаки фаннӣ ироа кард. Маросими супурдани ду мошини муҷаҳҳаз бо тамоми шароити корӣ ба ин оҷонс имрӯз, ҷумъаи 2 октябр дар ин муассисаи илмӣ бо ширкати намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе баргузор шуд.

Кӯмаки Амрико аз ду мошин, ки барои ҳамлу нақли партовҳои радиатсионӣ ва дигаре барои назорати ин гуна партовҳо дар манотиқи кӯҳӣ, ба хусус, дармарз иборат аст, ки дорои тамоми имконоти фаннӣ буда ва худкор мебошанд.

Илҳом Мирсаидов, як масъули Оҷонсии амнияти ҳастаии Академияи Илмҳои Тоҷикистон кӯмаки ироакардаи ҷониби Амрикоро барои фаъолияти ин муассисаи илмӣ – таҳқиқотӣ муҳим хонд ва гуфт, ки “таҷҳизоти мазкур барои фаъолияти кормандони оҷонсии амнияти ҳастаӣ дар заминаи ошкор ва безарар гардонии партовгоҳҳои ҳастаӣ мусоидат хоҳад кард”.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Мирсаидов, техникае, ки ин оҷонс истифода мекунанд, аз солҳои 70- уми асри гузашта боқӣ монда, кӯҳнаву фарсуда ва ғайриқобили истифода шудаанд.

XS
SM
MD
LG