Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон шумори мардон аз занон бештар шудааст


Дар соли гузашта дар Тоҷикистон бештар писар таваллуд шудааст. Акнун теъдоди мардони Тоҷикистон нисбат ба занҳо 97 ҳазор нафар бештар шудааст.

Бино бар гуфтаи мудири шуъбаи демографияи Агентии омори кишвар Абдувалӣ Қулов, маълумоти мазкур дар натиҷаи шумориши аҳолӣ то санаи 1-уми январи соли 2015 гирифта шудааст. Вай гуфтааст, дар соли гузашта бар сари ҳар 100 тифли духтар таваллудшуда 102 писар ба дунё омадааст, ки нисбат ба нишондодҳои солҳои қаблӣ хеле зиёд аст. Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон ҳамасола бештар аз 200 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад.

Афзудани шумори атфоли ҷинси мард дар маҷмуъ теъдоди мардони Тоҷикистонро зиёд кардааст. Ҳамакнун шумори мардон дар кишвар ба 4 миллиону 224 нафар расид. Ин нишондод 0,6 дарсад аз теъдоди занҳо бештар аст. Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 4 миллиону 127 ҳазор ҷинси зан зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG