Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД сӯхтор дар Душанберо шарҳ дод (ВИДЕО)


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи сӯхтори рӯзи 27 сентябр дар як бинои 16-табақа дар кӯчаи Синои шаҳри Душанберо шарҳ дод.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи сӯхтор дар бинои 16-табақа дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе тафсилот ироа кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сӯхтор баъд аз зӯҳри 27 сентябр дар хонаи ёрирасони воқеъ дар ошёнаи дуюми бинои 16-ошёнаи кӯчаи Сино-41, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух дод, ки ба Тилло Зиёв тааллуқ доштааст. Ба иттилои манбаъ, алангаи оташ инчунин ба дигар ҳуҷраҳои ҳамшафати он доман паҳн намуда, масоҳати умумии сӯхтор 800 метри мураббаъро дар бар гирифтаст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки барои хомӯш намудани сӯхтор ва бартараф сохтани оқибатҳои он 12 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ, се адад нақлиётҳои нордбондори ёрирасон, ҳамчун сафарбар карда шуданд. Дар натиҷаи сӯхтор, хонаи ёрирасони Тилло Зиёев ва 6 ҳуҷраи манзили истиқоматии шаҳрвандон қисман сӯхта зарар дидаанд.

Аммо ба таъкиди дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “маҳорати баланди касбии оташнишонон буд, ки маблағи аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуда ба 10 миллион сомонӣ баробар мебошад. Касе аз шаҳрвандон ва ҳайати шахсии оташнишонон зарари ҷисмонӣ набардоштаанд."

Вазорат мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шуда, сабаб ва зарари расонидашудаи сӯхтор мушаххас карда мешавад.

Cӯхтор дар яке аз 16-ошёнаҳои маҳаллаи "Профсоюз"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

XS
SM
MD
LG