Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки иртибот бо Амрико беҳтар шудааст, вале роҳи дарозерор бояд тай кард, то муносиботи ин ду кишвар ба ҳолати маъмулӣ баргардад.
Вай дар ҳошияи Маҷмаи умумии СММ дар Нию Йорк ба гурӯҳе аз дабирони созмонҳои матбуотӣ гуфт, “вазъ албатта тағир ёфтааст”. Вай қарордоди ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳониро дар муносибатҳои Амрикову Эрон“имтиҳони бузург” номид.
Кохи Сафед мегӯяд, ки дар рӯзҳои ширкати Рӯҳонӣ дар маҷмаи умумии СММ мулоқоти вай бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар назар гирифта нашудааст. Рӯҳонӣ гуфтааст, қабл аз баргузории чунин мулоқотҳо ва ё “фишурдани дастҳо” кишварҳо бояд ба ҳали мушкилот таваҷҷуҳ кунанд.