Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се мулкӣ дар марзи Арманистон


Пулиси Арманистон рӯзи 25 сентябр гуфт, бар асари тӯпборони нирӯҳои Озарбойҷон се нафари мулкӣ кушта ва дуи дигар захмӣ шудаанд. Ин афрод дар чанд рустои минтақаи Товуши Арманистон дар наздикии марзи ин кишвар бо Озарбойҷон ҷон бохтаанд. Боку ҳанӯз ба ин иддао посухе надодааст. Вале вазорати дифои Озарбойҷон қаблан гуфт, рустоҳои озарӣ дар ин минтақа таҳти тирборон қарор гирифтанд ва нирӯҳои мусаллаҳ ба он ҷавоб гардонданд.

Ин ду кишвари пасошӯравӣ бо гузашти беш аз 20 сол аз оташбас дар вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ, ки ҳоло таҳти назорати арманиҳо қарор дорад, дар ҳолати душманӣ боқӣ мондаанд. Ҷонибҳо дар ҳар тирандозӣ маъмулан якдигарро айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG