Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақби Истиқлол барои васоили нақлия боз шуд


Корҳои тармиму бозсозӣ дар нақби Истиқлол анҷом ёфта, имрӯз нахустин мошинҳо аз дохили нақб убур карданд. Рӯзи 24−уми сентябр аз ширкати Эронии “Собир” дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки корҳои бетонрезии фарши нақб, насби асбобҳои рӯшаникунанда ва ҳавокашҳо дар нақб ба анҷом расид ва имрӯз мошинҳо ба равуо тариқи нақб шурӯъ карданд. Абдураҳмон, як ронандаи таксӣ дар масири Душанбе−Хуҷанд гуфт, ӯ имрӯз аз нахустинҳо шуда нақбро убур кардааст: Ӯ гуфт: “Роҳи нақб хеле ҳамвору хуб шудааст. Дар чор дақиқа нақбро гузаштем. Ҳол он, ки пештар баъзан то як соат дар ин ҷо дар мемондем”.

Аммо масъулони ширкати “Собир” мегӯянд, ҳоло корҳои анҷомшуда дар дохили нақб аз санҷиши комиссияи давлатӣ нагузаштааст ва қарор аст, ин комиссия рӯзи душанбе ба санҷиши сифати корҳои анҷомшуда дар нақб шурӯъ кунад.

Нақби “Истиқлол”, ки шимоли кишварро бо марказ мепайвандад, рӯзи 22−уми июни соли ҷорӣ барои тармиму бозсозӣ барои равуои мошинҳо баста шуда буд. Мошинҳои сабукраву боркашон тариқи ағбаи Анзоб ба шимол ва аз он ҷо ба марказ равуо мекарданд. Азнавсозии нақби “Истиқлол” 9 миллиону 338 ҳазор долларро дар бар мегирад, ки аз ҷониби Тоҷикистону Эрон пардохт гардидааст.

Сохтмони нақби мазкур, ки дар соли 1989 оғоз шуда ва ба иллати нооромиҳои даҳаи 90-ум дар Тоҷикистон мутаваққиф шуда буд, дар соли 2003 аз сар гирифта шуд. Барои иҷрои ин тарҳ Эрон 31 миллион доллар ихтисос дода буд, ки 10 миллион доллари он кумаки билоивази Эрон ба Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG