Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар вилояти Чуйи Қирғизистон нерӯгоҳи хуршедӣ месозанд


Дар ноҳияи Панфилови вилояти Чуй мехоҳанд нерӯгоҳи хуршедӣ созанд. Дар ин бора муовини вазири энержӣ ва саноат Туратбек Ҷунушалиев дар ҷараёни як ҳамоиши илмӣ дар Бишкек хабар дод.

Ба гуфтаи вай барои сохтмони нерӯгоҳи хуршедӣ мақомот 70 гектар замин ҷудо кардаанд. Маблағи ин тарҳ 64 миллион доллар аст ва эҳтимол меравад иқтидори ин нерӯгоҳ 30 мегаватт шавад.

Ҷунушалиев афзуд, ки нерӯи барқи хуршедӣ гарон мешавад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши як киловатт-соати чунин нерӯи барқ ҳудуди 30 сом хоҳад шуд.

Ҳукумат мехоҳад ин тарҳро бо кӯмаки сармоягузориҳои хусусӣ анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG