Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як арманӣ аз Озарбойҷон паноҳандагӣ хостааст


Ваҳан Мартиросян
Ваҳан Мартиросян

Фаъолони ҳуқуқи башар ва мухолифон дар Арманистон мегӯянд, онҳо огаҳӣ надоранд, ки ҳафтаи гузашта дар Озарбойҷон кӣ паноҳандагии сиёсӣ хоста бошад. Иддао мешавад, ки ин фард як фаъоли мадании Арманистон будааст, ки дар ватанаш таъқиб мешавад.

Аз ин мард Ваҳан Мартиросян ном мебаранд, ки 32 сол дорад ва шаҳрванди Арманистон аст. Вай худро раҳбари “Ҷунбиши миллии озодихоҳӣ” муаррифӣ кардааст ва дар нишасти хабарии 18 сентябр дар Озарбойҷон гуфтааст, ки вайро дар Арманистон таъқиб кардаанд ва зери фишор гирифтаанд.

Ваҳан аз Арманистон тавассути Гурҷистон ба Озарбойҷон даромадааст. Вай дар Арманистон дар ҷустуҷӯи пулис қарор дорад ва барои дуздӣ дастур гирифтааст, ки кишварро тарк накунад.

Максим Саргсян - раҳбари мухолифони Арманистон дар сӯҳбат бо бахши армании Радиои Озодӣ гуфтааст, ки вай ҳеҷ гоҳ бо Ваҳан Мартиросян во нахӯрдааст.

XS
SM
MD
LG