Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

26 паноҳҷӯ дар баҳр беномунишон шудаанд


Дар пайи ғарқ шудани боз як қаиқи муҳоҷирон дар наздикии соҳили ҷазираи Лесбоси Юнон дастикам 26 паноҳҷӯ беномунишон шудаанд. Нирӯҳои баҳрии Юнон рӯзи 20 сентябр гуфтанд, ки 20 нафарро бо чархбол наҷот додаанд, вале наҷотёфтаҳо гуфтаанд, ки дар киштӣ боз 26 нафари дигар ҳам буд. Рӯзи 19 сентябр як дузхтари 5-сола аз Сурия дар роҳ аз Туркия ба Юнон вафот кардааст. Ин ҳодиса низ дар шарқи ҷазираи Лесбос рух додааст. Ин ҷазира имсол ба мавҷи бузурги паноҳҷӯён аз Сурияву Афғонистону Ироқ рӯбарӯ шудааст. Юнон мегӯяд, аз аввали сол аз тариқи ин кишвар беш аз 300 000 паноҳҷӯ вориди Аврупо шудаанд. Аксари онҳо баъдан ба кишварҳои дигари ин қора рафтаанд.

XS
SM
MD
LG