Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садшиканҳо торнамои Кремлро рахна кардаанд


Садшиканҳои интернетӣ 13 сентябр ба торнамои Кохи Кремл “ҳамлаи қаввӣ” анҷом додаанд. Дар ин бора ҳукумати Русия ба матбуот хабар додааст. Дмитрий Песков-сухангӯи Кохи Кремл ин ҳамларо ба интихоботи мақомоти маҳаллии Русия иртибот дод.

Ин интихобот охири ҳафтаи гузашта анҷом гирифт. Мухолифон интизор доштанд, ки агар намояндагони онҳоро дар минтақаҳо ба интихобот роҳ диҳанд, онҳо сиёсатмадорони ҷонибдори ҳукуматро ба чолиш мекашанд.

Песков гуфт, ки торнамои кумиссиюни интихоботӣ субҳ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ба гуфтаи вай, рӯзи якшанбе аз соати 5 то соати 10 ҳамзамон ба торнамои раиси ҷумҳури Русия низ ҳамла сурат гирифтааст ва системҳои дифоӣ бо мушкилӣ ин ҳамларо бартараф кардаанд.

Песков гуфтааст, ки дар бораи омилини ин ҳамла маълумот надорад. Ин торнамоҳо муваққатан баста шудаанд.

XS
SM
MD
LG