Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чораҳои сахти амниятӣ дар ҷодаҳои пойтахт


Тадобири амниятии сахт дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Мақомоти Тоҷикистон бори аввал дар чандин соли ахир вуруди нақлиёт аз ноҳияҳои кишвар ба шаҳри Душанберо маҳдуд карданд ва барои мизбонии як нишасти муҳими байналмилалӣ тадобири сахти амниятиро рӯи даст гирифтанд.

Ба хотири баргузории нишасти Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳаракати васоити нақлиёт дар қисматҳое аз шаҳри Душанбе ба таври муваққатӣ қатъ шудааст. Ин маҳдудиятҳо бештар ба кӯчаву хиёбонҳои марказӣ (протоколӣ) рабт мегирад.

Маркази шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, баръакси рӯзҳои пешин имрӯз бешурӯ ғавғо ва каммошин аст, зеро мақомоти интизомӣ ҳаракат дар роҳҳои марказиро ба далели таъмини амният мамнӯъ карданд. Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, барои расидан ба маҳалли кор ё таҳсил аз роҳҳои канори шаҳр истифода баранд, вале онҳое, ки дар маҳаллаҳои маркази пойтахт кор мекунанд, маҷбуранд аз як то ду километрро пиёда тай карда ба маҳалли корашон бирасанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду рӯз пеш эълон кард, ки барои таъмини амнияти нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябр дар Душанбе сурат мегирад, вуруди мошинҳо аз ноҳияҳои кишварро маҳдуд мекунад ва дар ҳолатҳои истисноӣ ҳаракати нақлиёти ҳомили молҳои муҳим иҷоза дода мешавад.

Дар гузашта Тоҷикистон зимни мизбонии нишастҳои байналмилалӣ, аз ҷумла нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ин гуна тадобири шадиди амниятиро рӯи даст нагирифта буд. Ҳамла дар остонаи нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон ва идомаи амалиёт бар зидди ӯ дар дараи Ромит дар канори шаҳри Душанбе, мақомотро маҷбур кард, роҳҳои асосиро бубанданд ва тадобири сахти амниятиро амалӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG