Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари куштори ҳамсар ва кордзании модарарӯсаш фирор кардааст


Марди гумонбар дар куштори ҳамсар ва захмӣ шудани модарарӯсаш дар пайгарди қонун аст ва ҳанӯз ошкор ва боздошт нашудааст. Дар як ҳодисаи шоми 8 сентябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд марде дар паи муноқишаи хонаводагӣ ба ҳамсару модарарӯсаш бо корд ҳамла кардааст. Ҳамсараш дар ҷои ҳодиса ҷон дода, модарарӯсаш дар ҳолати вазнин дар бемористони ноҳия бистарӣ шудааст. Мақомоти ҳифзи қонун, ки тафтиши ин ҳодиса ва ҷустуҷӯи гумонбарро шурӯъ кардаанд, мегӯянд, ин ҳодиса дар як хонаводаи ҷамоати Ҳаёти нав дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рух дод ва гумонбари асосӣ шавҳари 53-солаи ин хонадон мебошад. Ба гуфтаи онҳо, баъди ин ҳодиса, мард аз маҳалли ҷиноят фирор кард ва ҳоло амалиёти ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.

Маълум нест, ки сабаби моҷаро чӣ будааст.

XS
SM
MD
LG