Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқҳо 550 солагии хонигариро ҷашн мегиранд


Дар Остона-пойтахти Қазоқистон барои намояндагони минтақаҳо, ки ба ҷашни 550 солагии ташкили хонигарии қазоқҳо меоянд, ҳудуди 50 хайма ё юрт гузошта шудааст.

Гузашта аз ин, дар ин шаҳраки хаймаӣ майдонҳои варзишӣ дуруст кардаанд, бозиҳои гуногун гузоштаанд ва дегҳои бузург мондаанд. Ҷашни 550 солагии хонигарӣ аз 11 то 13 сентябр давом мекунад.

Барномаҳои консертӣ низ дар ин майлон дар назар гирифта шудааст. Дар ин барномаҳои ҳунариву варзишӣ ҳунармандону овозхонон ва варзишкорон аз вилоятҳову шаҳрҳо ва ноҳияҳои гуногуни Қазоқистон ширкат меварзанд.

Дар чаҳорчӯбаи ин барномаҳо фарҳангу ҳунари қадимии қазоқҳо, либосҳои қадимӣ ва осори ҳунарии онҳоро ба намоиш мегузоранд.

XS
SM
MD
LG