Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Қирғизистон назорати марзҳояшро шадид кард

Қирғизистон ҳимояи марзҳои худро бо Тоҷикистон тақвият додааст. Гулмира Борубоева, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 7 сентябр гуфтааст, “Қирғизистон ба хотири ташаннуҷи вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон ҳимояи марзашро тақвият дод.” Ба қавли Борубоева, шумораи постҳо ва марзбонҳо бештар карда шудаанд. Борубоева гуфтааст, дар ин шабу рӯз мубодилаи иттилои сареъ бо Тоҷикистон бештар шуда, гузаргоҳҳои марзӣ дар шакли қаблӣ фаъолият доранд. “Аммо ҷониби Қирғизистон бо таваҷҷӯҳ вазъи амниятиро дар Тоҷикистон назорат дорад ва дар сурати бад шудани вазъият эҳтимол дорад бархе аз гузаргоҳҳои марзӣ баста шавад,” -- иброз доштааст ӯ.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҳизби мухолифи Қазоқистон бо номзади худ дар интихоботи президентӣ ширкат мекунад

Нурлан Ауесбоевро дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад шуд.

Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон, ки худро мухолиф унвон мекунад, дар анҷумани рӯзи 1-уми октябр дар шаҳри Остонаи он кишвар Нурлан Ауесбоевро дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад кард.

Нурлан Ауесбоев 65 сол дорад. Вай зодаи ҷануби Қазоқистон аст ва маълумоти ҳуқуқшиносиву иқтисодшиносӣ дорад. То ин замон Ауесбоев ба фаъолиятҳои оммавӣ машғул набудааст ва дар мавриди вазъи иқтисодиву сиёсии кишвараш изҳоре ҳам надодааст.

Ауесбоев дувумин номзад дар интихоботи пешорӯи президентӣ дар Қазоқистон аст. Пештар аз вай Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд. Дайрабоев ҳам нафақахӯр ва барои ҷомеаи Қазоқистон ношинос аст.

Қосимҷомарт Тоқаеви 69-сола, президенти амалкунандаи Қазоқистон низ гуфт, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ номзад хоҳад шуд. Эҳтимол дорад, номзадии ӯро ҳизби ҳокими "Амонат" пешбарӣ кунад. Ин ҳизб рӯзи 6 октябр анҷуман дорад.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20 ноябр баргузор хоҳад шуд.

Сафорати Қирғизистон дар Русия басеҷсозии муҳоҷирони қирғизро рад кард

Сафорати Қирғизистон дар Маскав.

Сафорати Қирғизистон дар Русия хабарҳо дар бораи басеҷи низомии шаҳрвандони хориҷиро дар Русия шарҳ дод.

Сафорати Қирғизистон санадеро дурӯғин унвон кард, ки дар он омадааст, вазорати корҳои дохилии Русия шуруъ аз 1 октябр бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро барои басеҷи низомӣ даъват кунад. Дар санаде, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, омадааст, дар сурати саркашӣ ҳаққи кори муҳоҷирон бекор ва онҳо аз ҳудуди Русия ихроҷ мешаванд.

"Ин иттилоъ воқеият надорад. Сафорат дубора аз қирғизистониҳо даъват мекунад, ба иттилои нодуруст дода нашаванд ва маълумоти ғайривоқеиро бознашр накунанд", - омадааст дар муроҷиати сафорати Қирғизистон.

Имзои қарори басеҷ ё мобилиатсияи нисбӣ, ки онро рӯзи 21-уми сентябр президенти Русия Владимир Путин имзо кард, боиси фирори мавҷи азими мардону ҷавонони синни хидмат аз Русия шуд. Наздиктарин марзҳои Русия - Қазоқистон, Гурҷистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Арманистону Финляндия макони фирори мардони синни даъват аз Русия мешаванд ва бовар меравад, ки на камтар аз 250 ҳазор мардон сарҳади Русияро убур карда ба хориҷа рафтаанд.

"Радио Свобода", бахши русии Радиои Озодӣ менависад, президент Путин дар изҳороте 29-уми сентябр маҷбур шуд эътироф кунад, ки "дар ҷараёни басеҷ хатоҳои фароворе роҳ дода шуд". Ӯ амр дод, ки афроди ғайриқонунӣ ба артиш бурдашуда ба хонаҳояшон баргарданд. Дар миёни мушкилоту камбудиҳое, ки ёд мешаванд, ин шеваи ташкили даъват ба артиш, таъминот, шароити маишии зисту нигаҳдории сарбозон ва дигарҳо мебошанд.

Мақомот дар Русия инчунин тақозо карданд, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки барои кор ба Русия мераванд, басеҷ шаванд, дар ҳоле, ки аксари ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷалби шаҳрвандонаш ба ҷангҳои бегонаро манъ ва ҷиноят арзёбӣ мекунад.

Бархе нозирон мегӯянд, басеҷи мардум ба артиш ба обрӯи Русия зарбаи шадид зад ва ҳоло Путин аз роҳи гӯё эътироф кардани хатоҳо, мехоҳад дили мардумро ба даст оварад.

Узбекистон ба фирори русиягиҳо аз басиҷи низомӣ вокуниш кард

Ҳазорон тан аз русиягиҳо ба кишварҳои Осиёи Миёна фирор кардаанд.

Дар вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 30-юми сентябр ба фирори русиягиҳо аз басиҷи низомӣ вокуниш карданд.

"Нисбат ба афзоиши теъдоди шаҳрвандони Русия, ки аз басиҷи низомӣ фирор ва ба Узбекистон меоянд, хабар медиҳем, ки ҳузури онҳоро дар кишвари мо, аз ҷумла истирдоди эҳтимолиашонро қонунгузорӣ, созишномаҳои дуҷониба ва чандҷониба танзим мекунад", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Ин вазорат илова кардааст, шаҳрвандони хориҷӣ, то замоне, ки қонуншиканӣ накардаанд, иҷборан ихроҷ намешаванд.

Баъди он ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи 21 сентябр қонуни басиҷи низомиро имзо кард, ҳазорон шаҳрванди Русия аз ҷанг фирор ва ба кишварҳои Осиёи Марказӣ паноҳ оварданд.

Дар Фарғонаи Узбекистон рӯзноманигор Азиз Юсупов боздошт шуд

Азиз Юсупов.

Эътилоф оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва чаҳор созмони дигар боздошти рӯзноманигори узбекистонӣ Азиз Юсуповро маҳкум карданд. Дар изҳороти созмонҳо омадааст, ки Азиз Юсупов ҳам ҳомии ҳуқуқ, ҳам рӯзноманигори мустақил ва ҳам маҳбуси пешини сиёсист.

"Ҳабси Азиз Юсупов ваъдаҳои ҳукумати Узбекистонро барои ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон зери шубҳа мегузорад", - гуфт Бриҷит Дюфур, мудири созмони байналхалқии "Ҳамкории байналхалқӣ барои ҳуқуқи инсон".

Юсуповро рӯзи 25 сентябр боздошт шуд. Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон ӯро бо гумони нигаҳдории маводи мухаддир ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Дар сурати исботи ин айб ӯро метавонанд, то 5 сол зиндонӣ кунанд.

Азиз Юсупов айби эъломшударо рад кардааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, парвандаи Юсупов тақаллубӣ буда, мақомот мехоҳанд, ӯро барои фаъолиятҳояш дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷазо диҳанд.

Азиз Юсупов дар солҳои 90-уми асри гузашта аз Тоҷикистон ба Узбекистон кӯч бастааст.

Соли 2016 Юсуповро бо айби нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир 8 сол зиндонӣ карда буданд. Таҳти фишори байналхалқӣ ӯро соли 2019 аз зиндон озод карданд.

Мақомоти Узбекистон боздошт ва ҳабси Юсуповро шарҳ намедиҳанд.

Дархости Попи Рум аз раҳбарони Русия ва Украина

Поп Франсис

Попи Рум аз раиси ҷумҳури Русия хост, ба ҷангу хушунату хунрезӣ хотима диҳад ва аз президенти Украина хост, барои гуфтугӯи сулҳ боз бошад.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон, инчунин, хатари афзояндаи ҷанги ҳастаиро маҳкум кард ва онро "бемаъно" номид.

Изҳороти Поп Франсис 2-юми октябр ва баъди ду рӯзи он садо дод, ки Владимир Путин гуфт, Русия чаҳор минтақаи қисман ишғолшударо дар Украина ба қаламраваш шомил мекунад.

Кремл ба изҳороти Попи Рум вокуниш накардааст.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Тайланд бозӣ мекунад

Мунтахаби футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Тайланд, ки бо 7 имтиёз ғолиби гурӯҳи «А» шуд, бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи сешанбе, 4-уми октябр, дар Кувайт соати 19:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Дар даври севум ва охирини гурӯҳи «В», ки 1-уми октябр дар Ал-Кувайт, дар маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ», доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон дастаи Туркманистонро бо ҳисоби 8:5 ва мунтахаби Узбекистон тими Баҳрайнро бо ҳисоби 6:1 шикаст доданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳарсе бозиаш пирӯз шуд, бо 9 имтиёз дар гурӯҳи “В” ғолиб гардид ва ба чорякфинал баромад. Рақиби дастаи Узбекистон дар даври чорякниҳоӣ мунтахаби Кувайт мебошад, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро гирифт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, ки дар бозии аввалаш тими миллии Баҳрайнро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода, дар бозии дувумаш аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд, баъди пирӯзӣ дар бозии севумаш бар мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 8:5 бо 6 имтиёз дар гурӯҳи “В” ҷойи дувумро азони худ кард ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи худ бори дувум ба чорякфинали Ҷоми Осиё баромад.

Мунтахаби Тоҷикистон аз ин пеш даҳ бор – солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018 дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок карда, як маротиба - соли 2007 дар Ҷопон ба плей-офф баромада буд, вале дар чорякфинал аз тими миллии Узбекистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Барои унвони қаҳрамони Осиё 16 дастаи мунтахаби зӯртарини қора дар Кувайт мубориза мебарад. Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба чорякфинал мебароянд.

Ҳамин тариқ, аз ҳашт дастаи мунтахаб, ки дар чорякфинал бозӣ хоҳанд кард, то ҳоло панҷ тими миллӣ маълум аст: Тайланд, Кувайт (гурӯҳи “А”), Узбекистон, Тоҷикистон (гурӯҳи “В”), Эрон (гурӯҳи “С”).

Се дастаи дигари иштироккунандаи даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар гурӯҳҳои “С” ва “D”, ки имрӯз, 2-юми октябр, барпо мегарданд, маълум хоҳанд шуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов (ҳарду аз «Истиқлол»);

Бозигарони майдонӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гулаков, Умед Қузиев (ҳама аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Баҳрайн – Тоҷикистон – 3:4

Голҳо: Умед Қузиев, 7 (0:1). Умар Ҳасан Алӣ, 11 (1:1). Бахтиёр Солиев, 22 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 23 (1:3). Аҳмад Муҳаммад Антар, 33 (2:3). Идрис Ёров, 38 (2:4). Ҷассим Солеҳ Анан, 38 (3:4).

27-уми сентябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ».

Узбекистон – Туркманистон – 8:0

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Узбекистон – 2:3

Голҳо: Элбек Тулқинов, 3 (0:1). Файзалӣ Сардоров, 4 (1:1). Ҳусниддин Нишонов, 6 (1:2). Анасхон Раҳматов, 18 (1:3). Файзалӣ Сардоров, 37 (2:3).

29-уми сентябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ».

Туркманистон – Баҳрайн – 4:4

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Туркманистон – 8:5

Голҳо: Мақсад Султонов, 3 (0:1). Идрис Ёров, 8 (1:1). Идрис Ёров, 9 (2:1). Муҳаммадҷон Шарипов, 11 (3:1). Ширӣ Байрамдурдиев, 19 – ба дарвозаи худ (4:1). Қурбонгелдӣ Саҳедов, 20 (4:2). Идрис Ёров, 22 (5:2). Мулкамон Аннагулиев, 35 (5:3). Файзалӣ Сардоров, 37 (6:3). Мулкамон Аннагулиев, 37 (6:4). Идрис Ёров, 38 (7:4). Файзалӣ Сардоров, 40 (8:4). Қурбонгелдӣ Саҳедов, 40 (8:5).

Аз майдон хориҷ шуд: Фирӯз Бекмуродов (Тоҷикистон), 20

1-уми октябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдуллоҳ».

Узбекистон – Баҳрайн – 6:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи "В":

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

3

3

0

0

17-3

9

2

Тоҷикистон

3

2

0

1

14-11

6

3

Баҳрайн

3

0

1

2

8-14

1

4

Туркманистон

3

0

1

2

9-20

1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи "А":

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тайланд

3

2

1

0

11-5

7

2

Кувайт

3

1

2

0

11-6

5

3

Ироқ

3

1

1

1

9-5

4

4

Умон

3

0

0

3

3-18

0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "С":

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

2

2

0

0

15-1

6

2

Индонезия

2

1

0

1

7-7

3

3

Лубнон

2

0

1

1

3-8

1

4

Тайпейи Чин

2

0

1

1

2-11

1

Даври 3-юм

2 октябр (якшанбе)

19:00 Тайпейи Чин – Индонезия

22:00 Эрон - Лубнон

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "D":

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ветнам

2

2

0

0

8-2

6

2

Арабистони Саудӣ

2

1

0

1

3-4

3

3

Ҷопон

2

1

0

1

7-2

3

4

Ҷумҳурии Корея

2

0

0

2

1-11

0

Даври 3-юм

2 октябр (якшанбе)

13:00 Ҷумҳурии Корея – Арабистони Саудӣ

16:00 Ҷопон - Ветнам.

Сипоҳ гуфт, дар даргирии Зоҳидон дастикам 20 кас кушта шуд

Зоҳидон

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи 1-уми октябр гуфт, ки дар задухӯрд миёни нерӯҳои амниятии Эрон ва "ҷудоиталабони мусаллаҳ" дар ҷанубу шарқи ин кишвар камаш 20 нафар кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 30-юми сентябр дар Зоҳидон рӯй дод.

Дар баёнияи созмон гуфта мешавад, дар миёни кушташудагон чаҳор узви Сипоҳи посдорон, аз ҷумла як афсари аршад, низ ҳаст. Сипоҳ гуфт, Ҳомид Ризо Ҳошимӣ, афсари иктишофии Эрон, "бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар даргириҳо бо террористон ҷон дод."

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, дар ин даргириҳо дастикам 32 узви Сипоҳи посдорон захмӣ шудаанд.

Расонаҳои давлатии Эрон иддао карданд, ки ҳамлагарон дар миёни намозгузорон дар назди масҷиди Зоҳидон пинҳон шуда буданд.

Расонаҳо "гурӯҳи ҷудоиталаб"-еро, ки гуё дар ин ҳамла даст дорад, мушаххас накардаанд. Ин минтақа бо Афғонистон ва Покистон ҳаммарз аст.

Мегӯянд, "нақша нест", вале биноҳои Данғара баёнгари чист? ВИДЕО

Донишгоҳи давлатии Данғара. Акс аз бойгонӣ

Чанд сол боз баҳси ба маркази вилоят табдил шудани ноҳияи Данғара дар ҷануби Тоҷикистон идома дорад. Мақомот мегӯянд, нақшаи генералии Данғара то ҳол дар баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ асту ба дасти онҳо нарасидааст. Вале дар айни замон чандин бинои нави маъмурии баландошёнаро сохтаву ба истифода доданд.

Шералӣ Собирзода, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Данғара, гуфт, “биноҳои баландошёнаи маъмурии давлатӣ ба истифода дода шудааст. Дар онҷо ягон маҳфуми маркази вилоят наомадааст.”

Дар ҳукумати ноҳияи Данғара гуфтанд, то 30-солагии истиқлол беш аз чорсад иншоот сохта, то чаҳор соли дигар бунёди 170 иншооти дигар дар назар аст.

Дар Тоҷикистон аз сохтмони дӯкони хурд гирифта, то марказҳои савдо ва коргоҳҳои кӯчаку биноҳои истиқоматиро иншооти ҷашнӣ меноманд. Аксари онҳоро сокинон ва соҳибкорон месозанд, вале намояндагони мақомот ифтитоҳ мекунанд.

Наворро дар Ютуб бинед:

Коршиносон мегӯянд, сохтмонҳои зиёд дар ноҳияи Данғара ҳеч гоҳ бе нақшаи куллӣ омода намешавад. Дар ҳамин ҳол, сохтмони Фурудгоҳи байнулмилалии Данғара дар масоҳати 450 гектар ба таъхир уфтодааст.

Шералӣ Собирзода, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Данғара гуфт, “масъалаи фурудгоҳ бе нақшаи генералии шаҳрак ва нақшаи генералии ноҳияи Данғара пешбинӣ шудааст. Бо назардошти он омилҳое, ки ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, каме боздошта шуд.”

Ноҳияи Данғара аз солҳои 30-юми асри гузашта дар ҳайати вилояти собиқи Кӯлоб буд ва ҳоло як ноҳияи вилояти Хатлон аст. Зодгоҳи раиси ҷумҳур ва бисёре аз аъзои ҳукумат. Баъзе коршиносон мегӯянд, таваҷҷуҳ ба Данғара аз инҷо маншаъ мегирад.

Як сол пеш дар инҷо бемористони вилоятии касалиҳои сироятиро кушоданд. Донишгоҳи давлатӣ дораду Донишгоҳи тиббии Хатлон ҳам дар қаламраваш аст. Минтақаи озоди иқтисодии Данғара чандин корхонаро фаро мегирад. 160 ҳазор аҳолӣ дорад.

Зеленский: Мансабдорони Русия ба "газидан"-и якдигар  шуруъ карданд

Владимир Зеленский

Раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки шаҳри Лимани вилояти Донетск "пурра озод карда шуд". "Парчами Украина аллакай дар Лиман аст. Ҷанг ҳанӯз идома дорад," – афзуд ӯ шаби 1-уми октябр.

Вазорати дифои Русия тасдиқ кард, ки сарбозонаш Лиманро тарк кардаанд, вале онро "ақибнишинӣ ба мавқеъҳои муносибтар" номид.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу навори сарбозони Украина дар маркази Лиман нашр шуданд.

Вазири дифои Амрико Ллойд Остин бозпас гирифтани Лиманро "комёбии чашмраси нерӯҳои Украина" донист.

Зеленский дар суханронии худ шаби 1-уми октябр гуфт, мансабдорони баландпояи Русия "аллакай ба газидани якдигар шуруъ кардаанд". Ӯ эҳтимол изҳороти раиси ҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодировро дар назар дошт.

Қодиров фармондеҳ Александр Лапинро ба нокомӣ дар Лиман муттаҳам кард. Изҳороти раҳбари Чеченистон дар Телеграм баҳси ҷиддиеро ба вуҷуд овард.

Лиман моҳи майи имсол зери назорати нерӯҳои Русия қарор гирифта буд. Истихбороти низомии Бритониё аз даст додани шаҳри Лиманро барои Русия "шикасти ҷиддии сиёсӣ" тавсиф кард.

Эрон ба сафари як эрониасли амрикоӣ иҷоза додааст

Боқир Намозӣ

Мақомоти Эрон ба Боқир Намозӣ, як эрониасли амрикоӣ, иҷоза додаанд, ки ин кишварро тарк кунад.

Созмони Милали Муттаҳид 1-уми октябр дар баёнияе гуфт, ин кор пас аз муроҷиати дабири кул Антонио Гутерриш ба раисиҷумҳури Эрон имконпазир шуд.

Ба иттилои манбаъ, Сиёмак Намозии 50-сола, писари Боқир Намозӣ, ки тақрибан ҳафт сол боз зиндонӣ аст, барои табобат аз зиндони Эвин муваққатан рухсат шудааст.

Боқир Намозии 85-сола, корманди пешини ЮНИСЕФ, пештар бо хости пизишкон аз зиндон раҳо шуда, вале ҳаққи тарки Эронро надошт.

"Нурнюс"-и Эрон гуфтааст, як кишвари минтақа барои "раҳоии маҳбусон" байни Эрону Амрико миёнравӣ кард.

Хабаргузории нимарасмӣ ҳамзамон афзудааст, “миллиардҳо доллар дороии бандмондаи Эрон ба далели таҳримҳои Амрико, ба зудӣ озод хоҳад шуд."

Русия раиси нерӯгоҳи "Запорожйе"-ро дастгир кардааст

Игор Мурашов

Мақомоти Украина рӯзи 1-уми октябр гуфтанд, ки нерӯҳои Русия Игор Мурашов, раиси бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо – "Запорожйе"-ро дастгир кардаанд.

Петро Котин, раиси ширкати "Энергоатом", хоҳони озодии фаврии Мурашов шуд.

Ӯ гуфт, боздошти раиси нерӯгоҳи ҳастаии "Запорожйе" аз тарафи Русия амнияти Украина ва бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупоро бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ мекунад.

Оҷонси назорати ҳастаии Созмони Милал низ хостори раҳоии мудири бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Украина шуд. Даъвати Рафаэл Гроссӣ рӯзи 1-уми октябр садо дод.

Игор Мурашов ҳангоми сафар дар байни нерӯгоҳи "Запорожйе" ва шаҳри Энерҳодар боздошт шудааст.

Ҳалокати 174 кас. Бозии футбол дар Индонезия бо фоҷеа анҷом шуд

Майдони футбол, Индонезия

Дар натиҷаи ҳарҷу марҷ дар майдони футбол дар Индонезия 174 нафар ҷон бохта, даҳҳо кас захмӣ шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 1-уми октябр ва баъди шикасти тими мизбон – "Арема" аз рақибаш – "Персебая" рӯй дод.

Ҳаводорони тими "Арема" шишаи обро ба сӯи бозигарон партофта, ба майдон дохил шуданд. Пулиси зидди шӯриши Индонезия бо истифода аз гази ашковар хост, мардуми хашмгинро пароканда кунад.

Мақомот мегӯянд, мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар шавад, чун вазъи шуморе аз захмиён вазнин аст. Дар бораи кушта шудани камаш ду афсари пулис низ гузориш расид.

Раиси ҷумҳури Индонезия хоҳони таҳқиқи ҳодиса шуд. Федератсияи байнулмилалии футбол пулиси Индонезияро барои истифода аз гази ашковар алайҳи ҳаводорони футбол танқид кард.

Ин ҳодиса яке аз бадтарин фоҷеаҳои варзишӣ дар ҷаҳон хонда шудааст. Пеш аз ин, дар бозии муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳон-1996 миёни Гватемала ва Коста-Рика воқеаи монанд рух дода буд. Дар он ҳодиса беш аз 80 нафар кушта ва сад каси дигар захмӣ шуд.

Нафткашӣ дар Балҷувон, вале бо таҷҳизоти фарсуда. ВИДЕО

Таҷҳизоти нафткашӣ дар Балҷувон дубора ба чархиш даромад, вале дар муқоиса ба даврони Шӯравӣ нафти кам истеҳсол мекунад.

Дар ҳукумати Балҷувон мегӯянд, заминҳои минтақа аз нафту газ саршор аст. Ҳамзамон эътироф мекунанд, ки бо фанновариҳои кӯҳнаву фарсуда нафткашӣ ва коркарди он мушкил аст.

Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳияи Балҷувон, гуфт, “солҳои Шӯравӣ ва то давраи истиқлол нафт ҳам интиқол мекард. Мутаассифона, дар айни ҳол интиқол намекунад. Баъзе чоҳҳоро аз дигар парма кардан даркор. Технология кӯҳна шудааст, рости гап.”

Ҳоло дар ин ноҳия “Балҷувонгаз” ва ширкати “Ҳасан-компания” ба коркарди нафту газ машғуланд. “Балҷувонгаз” идораи давлатист, “Ҳасан-компания” ширкати хусусист.

Масъулони ҳукумат мегӯянд, баъди кам шудани газу нафт дар чоҳҳо, “Ҳасан-компания” аз молиёт як миллиону дусад ҳазор сомонӣ қарздор шуд.

“Ҳоло имкониятҳо шуд, созишномаҳо шуд. Ҳар моҳ 30 ҳазор сомонӣ медиҳад,” – гуфт Аҳлиддин Раҳимзода, муовини раиси ноҳияи Балҷувон.

Наворро дар Ютуб бинед:

Моҳи марти имсол президенти Тоҷикистон ба масъулони ноҳияҳо дастур дода буд, ки ширкатҳои хориҷиро ба сармоягузорӣ ҷалб кунанд.

Мақомот мегӯянд, сафорати Туркия ба ноҳияи Балҷувон таваҷҷуҳ кард. Як гурӯҳи корӣ аз ҷумҳурии Миср ҳам ба инҷо омадаанд.

Ба гуфтаи масъулон, онҳо дақиқ кардаанд, ки ҳоло ҳам дар Балҷувон газу нафти зиёде ҳаст, вале барои баровардани он заминро бояд парма кард.

Бахтиёр Сафарзода, раиси Балҷувон, мегӯяд, “дар кӯҳи Говкуш захираҳои нафт ҳаст, захираи газ ҳаст, фақат парма кардан даркор, зиёда аз шаш ҳазор метр, яъне шаш километр.”

Ноҳияи Балҷувон дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст ва минтақаи кӯҳист. Дар гузашта ноҳияи Ховалингу Восеъ ва Кӯлобро бо гази табиӣ таъмин мекард.

Ҳоло ҳукумати Балҷувон бовар дорад, ки бо парма кардани чоҳу овардани фанновариҳои муосир, дубора нафту гази бештар мебарораду камбуди сӯзишвориро дар кишвар ҷуброн хоҳад кард, вале маълум нест кай.

Дар Балҷувон ба зудӣ бензин истеҳсол мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Ҳамсари Абдуллоҳи Ғурбатӣ аз Эмомалӣ Раҳмон додхоҳӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшуда, аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хостааст, барои озодии шавҳараш кумак кунад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ чор моҳи пеш боздошт шуд ва дар мурофиаи рӯзи 29-уми сентябр додситон аз додгоҳ хост, ки ӯро ҳашт сол зиндонӣ кунанд. Мақомот ӯро дар ҳамла ба корманди пулис ва узвият дар созмонҳои тундрав айбдор мекунанд.

Мубораки Қосим, ҳамсари ӯ дар номааш ба Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 30-уми сентябр дар саҳифаи фейсбукаш нашр шудааст, гуфтааст, шавҳараш ҳеҷ гоҳ узви ҳизби мамнуи наҳзати ислом набуд ва ягон корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқиру латукӯб накардааст.

“Баҳси асосӣ сари чанд суханҳои дар саҳифаи фейсбукӣ навиштааш меравад, ки онро аз рӯи эҳсосот навиштаасту ҳеҷ рабте аз ҳимояи гурӯҳҳои мухолиф надорад. Муссалам аст, ки ҳар инсон иштибоҳ мекунад, вале онро бахшидан имкон дорад. Албатта хиёнат бахшида намешавад ва Абдуллоҳ низ ҳеҷ гоҳ ба ин давлату миллат хиёнат накардааст.”,--навиштааст ӯ дар номааш.

Абдуллоҳи Ғурбатӣ моҳи июн ҳамроҳ бо ҳамкораш Далери Имомалӣ боздошт шуданд. Онҳо то замони боздошт дар Ютуб аз мушкили сокинон навор пахш мекарданд. Созмонҳои журналистӣ мегӯянд, маҳз кори хабарнигориашон боиси боздошти онҳо шудааст. Эҳтимол рӯзҳои наздик ҳукми Абдуллоҳи Ғурбатӣ содир шавад.

Мубораки Қосим аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки ба қазияи шавҳараш дахолат кунад, то ӯро озод кунанд.

Навиштани номаҳои додхоҳӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва фарзандони ӯ, мисли Озодаи Эмомалӣ, раҳбари дастгоҳ, Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон миёни сокинон маъмулӣ шудааст.

Коршиносон мегӯянд, чун шохаҳои дигари ҳокимият, аз ҷумла додгоҳҳо дар Тоҷикистон озод нестанд ва бештари ҳукмҳо бар асоси тасмими мансабдорон содир мешавад, сокинон ба Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ дар ҳали мушкилашон умед мебанданд. Дар мавридҳои хеле кам Эмомалӣ Раҳмон ба мактуби сокинон таваҷҷӯҳ кардааст.

Аз ин пеш, Том Гибсон, масъули дафтари аврупоии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, дар нишасти САҲА дар Варшава дар бораи боздошту фишор алайҳи хабарнигорон дар Тоҷикистон гузориш дода, аз ҳукумати кишвар озодии онҳоро талаб кард. Ҳоло дар Тоҷикистон дастикам ҳафт хабарнигор паси панҷара ҳастанд ва ба ҷиноятҳои сахт муттаҳам мешаванд.

Дар Тоҷикистон айни замон чандин хабарнигору блогер, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хушом Ғулом дар боздошт ҳастанд.

Дар назди як мактаб дар Кобул таркиш рух дод

Таркиш дар Кобул

Рӯзи шанбе, 1-уми октябр дар маҳаллаи Хайрхонаи шаҳри Кобул, таркиш рух додааст.

Расонаҳои аз қавли Холид Задрон, сардори пулиси Кобул дар ҳукумати Толибон, навиштаанд, ки дар таркиш касе осеб надидааст.

Ӯ гуфтааст, ки таркиш дар назди мактаби ба номи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ рух дод.

Сабаби таркиш маълум нест. Рӯзи 30-уми октябр бар асари таркиш дар мактаби ҳазораҳо 19 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуда буд.

Дар замони ҳукумати Толибон ҳамла ба масҷид ва мактабҳои ҳазораҳо, ки пайравони мазҳаби шиа ҳастанд, афзоиш ёфтааст.

Созмонҳои байналмилали ҳукумати Толибонро танқид мекунанд, ки амнияти ҳазораҳоро таъмин намекунад.

Муғулистон гуфтааст, ба русҳои фирорӣ иҷозаи зиндагӣ медиҳад

Як саёҳи рус дар Муғулистон

Оҷонсиии муҳоҷирати Муғулистон гуфтааст, ки ба шаҳрвандони фирории Русия иҷозаи зиндагӣ медиҳад.

Нэргуйн Ууганбаяр, раҳбари ин Оҷонсӣ гуфтааст, дар Муғулистон 56 навъи иҷозатнома барои зиндагии хориҷиён аст. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Русия агар муроҷиат кунанд, мувофиқ ба дархосташон барояшон ҳаққи иқомат медиҳанд.

Рӯзи 21-уми сентябр Владимир Путин, президенти Русия, фармони сафарбарӣ ба артишро имзо кард. Даҳҳо ҳазор шаҳрванди Русия аз тарси сафарбар шудан ба ҷанги Украина ба хориҷ фирор кардаанд.

Муғулистон бо Русия марз дорад ва ҳазорон нафар ба ин кишвар рафтаанд.

Зеленский гуфт, то вақте Путин президент аст, бо Русия гап намезанад

Владимир Зеленский, президенти Украина

Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфтааст, ки барои ворид шудан ба созмони низомии НАТО ба таври фаврӣ ариза супурдааст.

Ӯ гуфтааст, то замоне, ки дар Русия Владимир Путин президент аст, Украина бо ин кишвар гуфтугӯ нахоҳад кард.

Ба гуфтаи Зеленский, НАТО шарики боэътимод аст ва ба Украина дар майдони ҷанг кумак мекунад.

Ариза барои пайвастан ба НАТО дар посух ба хоки Русия шомил кардани минтақаҳои ғасбшудаи Украина буд.

Рӯзи 30-уми сентябр Путин чанд минтақаи ғасбшуда дар Украинаро ба хоки Русия ҳамроҳ кард.

Йенс Столтенберг, дабири НАТО рӯзи 30-уми сентябр гуфт, ки ин созмон тарафи ҷанг дар Украина нест, вале ба ин кишвар кумак хоҳад кард.

Дар бораи аризаи Украина ба НАТО ӯ гуфт, ки "дари созмон барои кишварҳои демократӣ боз аст."

Русия рӯзи 24-уми феврал бесабаб ба Украина ҳамла кард. Дар ибтидо, ҷониби Украина гуфта буд, ки агар Русия ҷангро қатъ кунад, ин кишвар аз пайвастан ба НАТО худдорӣ мекунад. Ҷанг ҳанӯз идома дорад ва ҳазорон нафар куштаву миллионҳо нафар овора шудаанд.

Навзоди дуздидашуда дар ноҳияи Ҷомӣ пайдо шуд

Акс аз бойгонӣ

Табибони бемористони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳам яке аз кормандони пулиси ин ноҳия пайдо шудани кӯдаки 23 сентябр аз зоишгоҳ дуздишударо тасдиқ карданд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, бино ба иттилои пешакӣ ин кӯдак аз сӯи яке аз хешовандони падари навзод рабуда шудааст. Маълум нест, ки ангезаи даст ба чунин кор задани ин шахс чӣ будааст.

Ин кӯдакро зоҳиран ҳамин руз аз ҳудуди ноҳияи Ҷомӣ пайдо кардаанд. Ҳамчунин феълан маълум нест, ки вазъи саломатии кӯдак, ки аз таваллудаш як ҳафта мегузарад, чӣ будааст.

Волидони кӯдак сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия буда, ин нахустин тифли онҳост. Ба нақли корманди шуъбаи корҳои дохилӣ, падари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатист ва модари кӯдак, ки зоймони сангинро пушти сар карда буд, баъд аз ҷарроҳӣ ба шуъбаи эҳёи таваллудхона интиқол доданд.

Дуздидани тифл дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст.

Моҳи марти имсол Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як занро бо гуноҳи одамрабоӣ ба бештар аз нӯҳуним сол зиндон маҳкум кард, ки аз роҳи фиреб фарзанди думоҳаи зани дигарро дуздидааст.

Бонки Русия ҳаҷми интиқолҳои пулӣ аз Русияро маҳдуд кард

Шахсоне, ки бидуни шаҳрвандии Русия дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, ҳақ нахоҳанд дошт бештар аз ҳаҷми маоши расмии якмоҳаи худро ба хориҷа интиқол диҳанд. Қарори Бонки Русия, ки ним сол пеш, баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина қабул шуд, ба мӯҳлати ним соли дигар тамдид гардид ва аз 1 октябри соли 2022 то 31 марти соли 2023 қувваи амал гирифт.

Илова ба ин, дар қарори рӯзи 29-уми сентябри ин бонки марказии Русия омадааст, ки «шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дӯсти он метавонанд дар давоми як моҳ ба ҳама гуна ҳисобҳои бонкҳои хориҷӣ то 1 миллион доллар, тавассути низомҳои интиқолҳои пулӣ на бештар аз 10 ҳазор доллар (ваё асъори дигари хориҷии муодили он)-ро интиқол диҳанд”.

Маҳдуд кардани ҳақи интиқолҳои пулӣ аз Русияро коршиносон бо талоши бисёр сокинон барои тарки кишвар ва берун бурдани сарвату дороиҳояшон рабт медиҳанд, ки бо норизоияташон ба ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина рабт мегирад.

Кишварҳои “дӯст”-и Русия, ки Тоҷикистон ба ҳайси шарики стратегиву иқтисодӣ ба ин феҳрист дохил мешавад, онҳое мебошанд, ки сиёсатҳои ҳукумат ва ба вижа ҷангаш алайҳи Украинаро маҳкум накарданд.

CPJ: “Агар Тоҷикистон журналистонро озод накунад, мо талаби боздид аз маҳбасҳоро мекунем"

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт, вазъи озоди баён дар панҷ моҳи ахир дар Тоҷикистон шадидан бад шудааст.

Вазъи матбуоти мустақил ва хабарнигорони тоҷик дар ҷаласаи навбатии арзёбии ҳуқуқи башар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин ҷаласаи даҳрӯза 26-уми сентябр дар пойтахти Лаҳистон, Варшава шурӯъ шуд ва рӯзи 30-юми сентябр ба вазъи матбуот ва озодии баён дар кишварҳои узви САҲА бахшида шуд.

Том Гибсон, масъули дафтари аврупоии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар ин нишаст дар бораи боздошту фишор алайҳи хабарнигорон дар Тоҷикистон гузориш дода, аз ҳукумати кишвар озодии онҳоро талаб кард. Ҳоло дар Тоҷикистон дастикам ҳафт хабарнигор паси панҷара ҳастанд ва ба ҷиноятҳои сахт муттаҳам мешаванд.

Дар Тоҷикистон айни замон чандин хабарнигору блогер, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хушом Ғулом дар боздошт ҳастанд.

Том Гибсон гуфт, вазъи журналистон дар ин кишвар баъд аз ҳодисаҳои моҳи май дар Бадахшон хеле бад шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар паи ин ҳодисаҳо, ки мақомот онро амалиёти зиддитерористӣ ном мебарад, боздошти хабарнигорон идома дорад. Вай гуфт, ҳукумат тамоми талошро ба харҷ медиҳа, то муҳокимаи хабарнигорони боздоштшуда пинҳонӣ ва дур аз чашми расонаҳои мустақилу ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат бигирад.

Том Гибсон гуфт: “Агар Тоҷикистон онҳоро озод накунад, мо талаби боздид аз маҳбасҳоро мекунем, то бо ҳолати руҳиву ҷисмонии боздоштшудаҳо ошно шавем. САҲА муваззаф аст, ки дар зиндонҳо мониторинг гузаронад.”

Дар ҷаласаи Варшава ҳамчунин аз фишору таъқиб ва ҳамла ба хабарнигорону аз ҷумла журналисти Радиои Озодӣ ёдовар шуданд. Том Гибсон, масъули дафтари аврупоии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз он нигаронӣ кард, ки расонаҳо дар кишвар ҳаққи фаъолияти озод надоранд ва танҳо ба фарзияи расмии ҳодисаҳои Бадахшон дастрасӣ доранду халос. Вай таъкид кард, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бояд аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кунад, ки ба таъқибу фишори расонаҳои мустақилу ғайридавлатиро хотима диҳад.

Ин бори аввал нест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон Тоҷикистонро барои боздошти хабарнигорон интиқод ва озодии онҳоро талаб мекунад.

Мақомот ҳанӯз ба ин даъватҳо посух надодаанд. Хабарнигорони тоҷик давоми моҳи 4 моҳи ахир боздошт шуданд ва мақомот онҳоро ба иттиҳоми гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, айбдор кардааст. Наздиконашон ин иттиҳомро беасос ва “сохтаву бофта” медонанд. Мақомот ҳам далелҳои бештар фароҳам намекунанд.

Дар рӯзи панҷуми ҷаласаи арзёбии ҳуқуқи башар дар Варшава, ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои ҷаҳонии кор бо хабарнигорон аз вазъи озодии баён ва саркуби ҷомеаи шаҳрвандиву журналистон дар бисёр кишварҳои дигари шӯравӣ ва узви САҲА изҳори ташвиш карданд.

Ҳамлаи мушакии русҳо даҳҳо сокини шаҳри украинии Запорожяро куштаву маҷрӯҳ кард

Макони ҳамлаи мушакӣ

Раиси вилояти Запорожя дар ҷануби Украина Олександр Старух гуфт, дар як ҳамлаи мушакии Русия ба корвони мошинҳои мулкӣ лар шаҳри Запорожя дастикам 23 нафар куштаву 28 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ӯ дар паёме дар Телеграм канале навишт, ки ҳамаи қурбониҳову маҷрӯҳон афроди мулкӣ мебошанд.

Ӯ гуфт, ки дар ҷои ҳодиса амалиёти наҷот ба роҳ монда шудааст. Старух гуфт, ки мошинҳо ба самти минтақаи аз ҷониби Русия ишғолшуда ҳаракат мекарданд. Ҳанӯз Маскав дар ин замина изҳори назар накардааст.

Дар Кремл ин соатҳо омодагиҳо ба ҳамроҳкунии ғайриқонунии минтақаҳои украинӣ, аз ҷумла Запорожя идома дорад. Ин кор баъди як назарпурсии сохтакоронае анҷом мешавад, ки онро Украина, ИМА ва СММ “тақаллубӣ” хонданд.

Корвони мошинҳо бо ҳадафи ба ҷои амн интиқол додани хешовандони сокинони мулкии Запорожя ба сӯи минтақаҳои ишғолшуда ҳаракат мекарданд.

Назарпурсӣ: Қарори басеҷ дар Русия эҳсоси "тарс, шок ва хашм"-ро эҷод кард

Даъатшудаҳо ба ҷанг аз Русия

Нисфи пурсидашудаҳо дар Русия гуфтанд, ки эълони басеҷи нисбӣ ё мобилизатсия ба артиш онҳоро ҳаросон кард ва танҳо тахминан чоряки пурсидашудаҳо гуфтанд, ки “бо Русия ифтихор мекунанд”.

Пурсише, ки онро маркази назарпурсии “Левада” охирҳои моҳи сентябр дар саросари Русия дар робита бо муносибати аҳолӣ ба мобилизатсия барпо кард, нишон дод, ки 47 дарсади пурсидашудаҳо аз ин маърака эҳсоси тарс, 23 дарсад – шок эҳсос карда 13 дарсад ба хашм омаданд. Эҳсоси тарсу нигарониву шокро 56 дарсади ҷавонҳои то 24-сола таҷриба кардаанд. Маълум нест, ки то куҷо ин омор баёнгари ҳақиқати пурраи вазъ мебошад.

Имзои қарори басеҷ ё мобилиатсияи нисбӣ, ки онро рӯзи 21-уми сентябр президенти Русия Владимир Путин имзо кард, боиси фирори мавҷи азими мардону ҷавонони синни хидмат аз Русия шуд. Наздиктарин марзҳои Русия - Қазоқистон, Гурҷистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Арманистону Финляндия макони фирори мардони синни даъват аз Русия мешаванд ва бовар меравад, ки на камтар аз 250 ҳазор мардон сарҳади Русияро убур карда ба хориҷа рафтаанд.

Радио Свобода менависад, президент Путин дар изҳороте 29-уми сентябр маҷбур шуд эътироф кунад, ки “дар ҷараёни басеҷ хатоҳои фароворе роҳ дода шуд”. Ӯ амр дод, ки нафарони ғайриқонунӣ ба артиш бурдашуда ба хонаҳояшон баргарданд. Дар миёни мушкилоту камбудиҳое, ки ёд мешаванд, ин шеваи ташкили даъват ба артиш, таъминот, шароити маишии зисту нигаҳдории сарбозон ва дигарҳо мебошанд.

Мақомот дар Русия инчунин тақозо карданд, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки барои кор ба Русия мераванд, басеҷ шаванд, дар ҳоле, ки аксари ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷалби шаҳрвандонаш ба ҷангҳои бегонаро манъ ва ҷиноят арзёбӣ мекунад.

Бархе нозирон мегӯянд, басеҷи мардум ба артиш ба обрӯи Русия зарбаи шадид зад ва ҳоло Путин аз роҳи гӯё эътироф кардани хатоҳо мехоҳад дили мардумро ба даст оварад.

Путин "аҳдномаи ҳамроҳкунӣ"-и чор минтақаи украиниро имзо мекунад. Зеленский ваъдаи посухи сангин дод

Дар маросиме дар Кремлин рӯзи 30-юми сентябр президенти Русия Владимир Путин мехоҳад “аҳдномаҳои ҳамроҳшавӣ”-и расмии чор минтақаи украиниеро, ки қисман аз ҷониби Маскав ишғол шудаанд, яъне Луҳанск, Херсон, Донетск ва Запорожяро имзо кунад. Президенти Укрина Владимир Зеленский ваъда дод, ки бо сангинтарин шева посух хоҳад дод. Қаблан сухангӯи Путин Дмитрий Песков гуфт, ки баъди маросими имзо дар ҳузури раҳбарони таъиншуда аз Маскав дар ин минтақаҳо президент суханронӣ хоҳад кард.

Ба ин муносибат Кремлин дар Майдони сурх як консерти ҳунармандони попро ташкил мекунад ва аз ҳоло дар наворҳои азими видеоӣ навиштаҷоте мисли “Донетск, Луҳанск, Запорожя, Херсон – Русия!” дида мешаванд. Субҳи 30 сентябр Путин истиқлолияти ду минтақаи украинии Херсон ва Запорожяро эътироф кард ва ин кор роҳро барои ба Русия ҳамроҳ кардани онҳо боз мекунад. Айни ҳамин корро ӯ моҳи феврал ҳам дар робита бо Луҳанску Донетск карду баъди ин ҷангро алайҳи Украина шурӯъ намуд.

Зеленский, ки нирӯҳояш ҳафтаҳои охир дар муқовимат ба артиши Русия пешрафт мекунад, ваъда дод, ки бо сангинтарин шева посух медиҳад ва дар ҷаласаи изтирорие вазирони қудратиро ба машварат даъват кард.

Рӯзи 29-уми сентябр ИМА ва СММ нақшаи Маскав барои ҳамроҳкунии қаламравҳоро дар паи ба истилоҳ референдумҳо дар чор минтақаи украинӣ маҳкум карда ваъда доданд, ки ҳамаҷониба аз Украина ҳимоят хоҳанд кард.

Мобилизатсия нақшаи консерти Манижаро дар Тоҷикистон таҳрир кард

Манижа Сангин дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон. Декабри соли 2021

Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, замони баргузории консерташро дар Душанбе, ки “Сафари бекорнашаванда” номида буд, аз моҳи октябр ба ноябр гузаронид. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст. Ӯ сабаби ин тасмимашро ба эълони басеҷ ё мобилизатсия дар Русия ва масоили таъмини амнияти гуруҳи мусиқинавозонаш рабт додааст.

Ӯ гуфтааст, ҳамаи билетҳои қаблан харидашуда дар рӯзи дигари таъиншуда низ эътибор доранд. Қарор буд консерти Манижа, рӯзи 9-уми октябр дар пойтахти кишвар баргузор шавад. Ин барномаи ӯ, дар доираи як сафари ҳунарияш ба шаш кишвар роҳандозӣ шуда буд. Даромад аз ин консерти ӯ ба бунёди овозхон равона мешавад.

Бунёди ӯ "Силсила" ном дорад ва ҳадафаш кӯмак ба қурбониёни хушунат дар миёни муҳоҷирону паноҳандаҳо аст.

Полиси Тоҷикистон навзоди як ҳафта пеш дуздидашударо меҷӯяд

Акс аз бойгонӣ

Як кӯдаки навзод аз таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дуздида шудааст. Ба иттилои як корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ин ҳодиса шоми 23-юми сентябр рух дода ва мақомот дар пайи таҳқиқи ҳодиса ҳастанд. Волидони кӯдак сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия буда, ин нахустин тифли онҳост. Таҳқиқи ин қазия шурӯъ шудааст.

Ба нақли корманди шуъбаи корҳои дохилӣ, падари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатист ва модари кӯдак, ки зоймони сангинро пушти сар кардааст, ҳамоно аз рабуда шудани писараш хабар надорад. Ба иттилои корманди милиса, ҳодиса замоне рух додааст, ки модари кӯдакро баъд аз ҷарроҳӣ ба шуъбаи эҳёи таваллудхона интиқол доданд.

Манбаи дигари Радиои Озодӣ низ бо тасдиқи ин хабар гуфт, "ҳамон рӯзе, ки ин тифл таваллуд шуд, маҳз дар ҳамин таваллудхона 16 кӯдаки дигар ба дунё омад, вале маълум нест, чаро маҳз ин кӯдак рабуда шудааст". Дуздидани тифл дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст.

Моҳи марти имсол Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як занро бо гуноҳи одамрабоӣ ба бештар аз нӯҳуним сол зиндон маҳкум кард, ки аз роҳи фиреб фарзанди думоҳаи зани дигарро

, ба хонааш бурда буд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG