Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 22 сарбози Иморот дар Яман


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Имороти Муттаҳидаи Араб мегӯяд, 22 сарбозаш дар Яман дар ҷараёни маъракаи муштараки ин кишвар ва Арабистони Саудӣ алайҳи чирикиҳои ҳусиҳои шиъа кушта шудаанд. Артиши Иморот рӯзи 4 сентябр дар як баёния аз тариқи хабаргузории расмии WAM шумори сарбозони кушташударо нашр кард, вале тафсилот надод. Вале манобеи низомии Яман мегӯянд, сарбозони эътилофи кишварҳои арабӣ дар як таркиши тасодуфии амбори таслиҳот дар вилояти Маъриб ҳалок шудаанд. Ҳусиҳо мегӯянд, онҳо болои як урдугоҳе, ки нирӯҳои эътилоф истифода мебаранд, мушак андохтаанд ва дар натиҷаи он даҳҳо сарбози Имороту Яман кушта ва чандин мошину чархбол тахриб шуданд. Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари узви эътилофи давлатҳои халиҷи Форс аз моҳи март бо ҳадафи барқарор кардани ҳукумати Яман ва рондани ҳусиҳои шиъа маъракаи низомиро дар Яман пеш мебаранд.

XS
SM
MD
LG