Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чораҳои шадиди амниятӣ дар роҳҳои вурудӣ ба Душанбе


​Роҳҳои вурудӣ ба шаҳри Душанбе ва, инчунин, дохили пойтахти Тоҷикистон зери назорати шадиди маъмурони пулис қарор гирифтаанд.

Аз субҳи ҷумъа, 4 сентябр, дар чаҳор роҳи аслии вурудӣ ба шаҳри Душанбе ва ҳамчунин дар дохили пойтахт теъдоди зиёди пулис назоратро шиддат бахшиданд. Мақомот сабаби ин амрро ба хотири таҷлили ҷашнҳои истиқлоли Тоҷикистон ва чорабиниҳои марбут ба бузургдошти 700-солагиии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисор, ки иштироки меҳмонони зиёди хориҷӣ дар назар аст, рабт медиҳанд.

Аммо дар пайи хабари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат, чораҳои амниятӣ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар шудааст. Ба гуфтаи бархе аз ронандагони самти Душанбе – Кӯлоб, ки аз ҳудуди Ваҳдат мегузаранд, ин шаҳр таҳти назорати шадиди маъмурони ҳифзи ҳуқуқ буда ва дар қисматҳои вурудӣ ба он постгоҳҳо ташкил шудааст.

Назорат аз ҷониби пулис ва дигар ниҳодҳо дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ шадид шуда ва дар ҳаракати васоили нақлия дар бархе аз манотиқ, ба хусус дар хиёбони Исмоили Сомонӣ маҳдудият эҷод шудааст, ки ба рафтуомади мардум ба корро мушкил намудааст. Кормандони пулис гуфтанд, ки маҳдудият дар ҳаракати васоили нақлия дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе ба баргузории таҷлили 20-солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон дар толори Кохи Борбад бастагӣ дорад.

Қарор аст, дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кунад. Зимнан, пас аз иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олӣ, дар моҳи ноябри соли 1992 дар назди Вазорати корҳои дохилӣ, бригадаи таъйиноти махсус таъсис дода шуд, ки моҳи январи соли 1995 ба Гвардияи президентӣ табдил гардид.

Дар соли 2004 баъди ворид намудани тағйирот дар сохтори он, Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдил ёфт.

Дар остонаи 20-солагии таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нишони ҷашнии “20-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст.

XS
SM
MD
LG