Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ алайҳи фасод ҷиҳод эълон кард


Ашраф Ғанӣ дар конфаронси зидди фасод
Ашраф Ғанӣ дар конфаронси зидди фасод

Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба ҷиҳод алайҳи фасоду ришват даъват кард ва гуфт, ки он ба мавҷудияти давлат таҳдид мекунад.

Дар як конфаронси зиддифасод дар шаҳри Кобул рӯзи 1 сентябр сарвари Афғонистон аз рӯҳониён хост, ки мардумро барои мубориза бо фасоду ришват ташвиқ кунанд. Ашраф Ғанӣ афзуд, ки ҳукумат мубориза бо фасодро тақвият бахшидааст ва аммо барои аз беху бун баркандани он вақт зарур аст.

Ашраф Ғанӣ, ки як сол боз раҳбарии Афғонистонро бар ӯҳда дорад, тақаллуб дар қарордодҳои ҳукуматӣ, ғасби замин, тавлиди хашхош ва қочоқро аз мушкилоти аслии имрӯзи кишвар хонд.

Созмони Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал Афғонистонро миёни фасодзадатарин кишварҳои олам ҷой кардааст. Афғонистон ҳамчунин бузургтарин кишвари тавлидкунандаи маводи мухаддир, аз ҷумла, ҳероин маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG