Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

151 – Телефони боварии раиси Кумитаи андоз


Кумитаи андози Тоҷикистон ба манзури иртиботи мустақими мардум бо шахси аввали ин ниҳод телефони боварӣ ташкил кардааст. “151 - Гурӯҳи иттилоотӣ” - телефони боварии ин ниҳод аст, ки арзу шикоятҳои мардум, аз ҷумла андозсупорандаҳоро бевосита ба масъулониин ниҳод мерасонад.

Шамсулло Каримов, сардори шӯъбаи хизматрасонӣ ба шаҳрвандони Кумитаи андоз, 31 август ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон ва андозсупорандагон метавонанд, ҳамарӯза 24 соат бо “151-Гурӯҳи иттилоотӣ” дар тамос шаванд. Ба гуфтаи Каримов, “аз соати 8:00 субҳ то 17:00 аср мутахассисони Кумитаи андоз ба суолҳои андозсупорандагон посух медиҳанд ва аз соати 17:00 то 8:00 инчунин рӯзҳои истироҳат ва идҳо андозсупорандагон метавонанд истифода аз автомати худкори “Call center” дар мавриди масъалаҳои бақайдгирии андозсупорандагон ва ҳамин тавр то шикоят нисбат ба беамалии кормандони мақомоти андоз, нофаҳмиҳои ба миён омадаро ҳал намоянд.”

Роҳандозии “151 – Гурӯҳи иттилоотӣ” дар Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар як соли ахир даҳҳо нозирони андоз бо гумони гирифтани пора боздошт шуда буданд. Се соли пеш ҳам телефони боварии Вазорати умури дохилӣ - 221-21-21 таъсис ёфта буд, ки арзу шикоятҳои мардум бевосита ба вазири ин ниҳод расонда мешавад.

XS
SM
MD
LG