Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ эътирозро дар Ар-Рутба саркӯб кард


Ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) зимни саркӯбсозии намоиши эътирозӣ дасти кам 70 сокини шаҳри Ар-Рутба, воқеъ дар вилояти ғарбии Анбори Ироқро боздошт карданд. Даҳҳо нафари дигар, аз ҷумла, раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ, барои иҷозаи ташкили намоиши эътирозӣ дар симчӯбҳо баста шуданд.

Садҳо сокинони шаҳри Ар-Рутба рӯзи 29 август ба нишони эътироз алайҳи эъдоми сокини маҳаллӣ Мунир Ал-Қубайсӣ ба хиёбонҳо рехтанд. Ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” Ал-Қубайсиро барои куштори як ситезаҷӯ муҷозот карданд.

Эъдоми Ал-Қубайсӣ, намоиши эътирозӣ ва саркӯбсозии намоишро Эйд Амаш, як намояндаи ҳукумати маҳаллӣ, рӯзи 30 август тасдиқ кард.

Сокинони Ар-Рутба аз он ҳарос доранд, ки ситезаҷӯён афроди боздоштшударо эъдом мекунанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Ироқ хабар доданд, ки бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар наздикиҳои Требил, воқеъ дар марзи бо Урдун, панҷ марзбони ироқӣ ба ҳалокат расиданд. Ду таркиши дигари мина дар гирду атрофи Бағдод боиси марги панҷ кас ва ҷароҳат бардоштани 19 нафар шуданд.

XS
SM
MD
LG