Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Патрушев: Аз Google ва Yahoo истифода накунед


Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев аз волиҳо талаб кард, ки мансабдоронро барои истифода аз сервисҳои хориҷии Google, Yahoo и WhatsApp муҷозот кунанд. Дар нишасти минтақаӣ дар шаҳри Владивосток рӯзи 26 август ӯ гуфт, ки истифодаи интернет-сервисҳои хориҷӣ дар ҳалли масъалаҳои хизматӣ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.

Ба иттилои ТАСС, раҳбари Шӯрои амният мансабдорони вилояти Хабаровскиро намуна овардааст, ки ба сервисҳои иттилоотӣ ва мухобиротии хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд доштаанд.

Николай Патрушев моҳи гузашта дар ҷаласае дар шаҳри Вологда аз он изҳори норозигӣ карда буд, ки кормандони ниҳодҳои давлатӣ иттилои шахсиву маҳрамонаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд.

Мавзӯи манъи истифодаи сервисҳои интернетии хориҷӣ аз сӯи мансабдорони рус аз соли 2013 ба ин сӯ баррасӣ мешавад. Вакили Думаи давлатӣ аз ҳизби “Русияи воҳид” Иля Костунов ҳатто муқарраротеро пешниҳод карда буд, ки ҳар мансабдор барои сарпечӣ аз истифодаи сервисҳои хориҷӣ муваззаф шавад. Барои нақзи ин муқаррарот мансабдор бо иттиҳоми “Хиёнат ба ватан” то ба 20 соли маҳбас маҳкум шавад, гуфта буд вакили парлумони Русия.

XS
SM
MD
LG