Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонии "ҷанҷолӣ"-ро ба Қӯрғонтеппа намефиристанд


Садриддин Тошев
Садриддин Тошев

Вакили мудофеи Садриддин Тошев мегӯяд, ки Додгоҳи олӣ шикояти онҳоро баррасӣ карда, ба дархости онҳо барои интиқол надодани ӯ ба зиндони низомаш махсуси Қӯрғонтеппа ҷавоби мусбат додааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон амр додааст, ки Садриддин Тошев, яке аз зиндониёни ҷанҷолӣ дар кишвар ба маҳбаси низомаш махсус ба шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода нашавад. Ба қавли масъулони додгоҳ, "ин маҳбас ҷойи нигаҳдории зиндониёни хатарнок аст".

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, 23 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи олӣ ҳафтаи гузашта шикояти ӯ аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷандро баррасӣ ва тақозои ӯро қисман қонеъ кардааст. Ба гуфтаи Воҳидова, бар асоси ҳукм, ки бояд нусхае аз он ба дасти ӯ бирасад, Садриддин Тошев бояд на дар додгоҳи низомаш махсуси Қӯрғонтеппа, балки зиндони низомаш сахт нигаҳ дошта шавад, ки дар Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Ваҳдат вуҷуд доранд.

Садриддин Тошев айни замон дар яке аз зиндонҳои Душанбе нигаҳ дошта мешавад ва маълум нест, ки ӯро ба кадом зиндоне барои идомаи адо мефиристанд. "Мақсади аввалин ҳамин буд, ки вай пештар дар зиндони Қӯрғонтеппа буд ва дар гузашта бо маъмурияти ҳамон муассиса "конфликт" дошт. Ба ӯ таҳдид карда буданд, ки агар бори дигар ба зиндони Қӯрғонтеппа баргаштӣ, дигар аз инҷо намебароӣ. Барои ҳамин вай аз ин чиз тарс дошт ва падараш ҳам мегуфт, ки мо набояд роҳ бидиҳем, ки вай ба Қӯрғонтеппа равад, чунки ӯро мекушанд," -- афзуд вакили мудофеи Садриддин Тошев.

Файзиннисо Воҳидова
Файзиннисо Воҳидова

Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, шикояти онҳо ба Додгоҳи олӣ низ дар ҳамин бора будааст, ки ба ҷони Садриддин Тошев таҳдид ҳаст ва маъмурияти зиндони Қӯрғонтеппа бо вай муносибати хуб надорад. Аммо Бадриддин Тошев, падари Садриддин, нахост дар ин бора бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кунад.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли гузашта парвандаи Садриддин Тошевро бо иттиҳомоти "ба ҳам задани тартибот дар зиндон" ва "паҳн кардани иттилооти бардурӯғ" аз нав баррасӣ кард ва ҳукми 9 соли маҳрумият аз озодӣ ва адои ҳукм дар зиндони режимаш махсусро бетағйир гузошт. Аз ин пеш Садриддин Тошев ва як ҳамроҳи дигараш Суннатуло Ризоевро моҳи сентябри соли 2013 ба он гунаҳкор донистанд, ки аз даруни зиндон наворҳои бардурӯғеро дар бораи азобу шиканҷаи зиндониён нашр карданд. Ризоев барои авбошӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст.

Садриддин Тошев, ки баъди 13 соли адои зиндон барои озодиаш каме бештар аз 3 сол монда буд, барои нашри видеоҳо ба 9 соли дигари зиндон маҳкум шуд. Дар ин видеоҳо, ки соли 2013 баъд аз марги Ҳамза Икромзода, як зиндонии тоҷик нашр шуд, чанд маҳбус аз ҷумла Тошев баданҳои доғдори худро нишон дода мегуфтанд, ки ин осори латту кӯби посбонони зиндон аст. Баъд аз инъикоси васеи видеоҳо дар матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ худи Садриддин Тошев моҳи августи соли 2014 дар як мусоҳиба дар ҳузури раҳбарони Раёсати зиндонҳои Вазорати адлия гуфт, видеоҳои шиканҷа "саҳнасозӣ ва дурӯғ" буд.

Садриддин Тошев видеои шиканҷаро рад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:20 0:00
Линки мустақим

Тошевро понздаҳ пеш барои бандитизму терроризм ва одамрабоӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба 25 соли зиндон маҳкум карданд. Овозаи парвандаи ӯ то ба Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал расидааст. Файзиннисо Воҳидова дар гузашта аз ин кумита хостааст, бо истифода аз салоҳиятҳояш ба қазияи мазкур дахолат кунад ва иҷоза надиҳад, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон, Садриддин Тошевро барои адои ҷазо ба зиндони низомаш махсуси Қӯрғонтеппа баранд. Зеро, ба навиштаи ӯ, эҳтимол Тошевро дар онҷо азобу шиканҷа кунанд. Мақомоти вазорати адлия ин иддаоҳоро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG