Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз шудани сафорати Бритониё дар Теҳрон


Сафорати Бритониё дар Теҳрон
Сафорати Бритониё дар Теҳрон

Бо гузашти чаҳор сол аз юриши тазоҳургарони эронӣ ба сафорати Бритониё дар Теҳрон ва баста шудани сафорат, Филлип Ҳаммонд, вазири умури хориҷӣ, ин сафоратро дигарбора боз кард. Зимни бардоштани ин гоми таърихӣ дар равобити ду кишвар, вазири умури хориҷии Бритониё, рӯзи 23-уми август боз шудани сафоратро эълон кард ва парчами кишварашро дар боғи қароргоҳи сафорат, ки дар бинои қадими қарни 19 дар Теҳрон ҷойгир аст, барафрохт. Қарор аст, Филлип Ҳаммонд ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон имрӯз нишасти хабарии муштарак баргузор кунанд. Пеш аз сафараш ба Теҳрон, вазири умури хориҷии Бритониё бо нашри як баёния гуфт, ки “баъди соли 2011 равобит миёни ду кишвар беҳтар шудааст” ва афзуд, ки Эрон ҳам азм дорад, сафораташ дар Лондонро рӯзи 23 август боз кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал ва то замони таъйин шудани сафирон, умури намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар дасти кордорони сафорат мешавад. Соли 2011 баъди вуруди издиҳоми тазоҳургарон ба сафорати Бритониё дар Теҳрон ва харобкорӣ дар дохили он, ин кишвар дипломатҳои эрониро аз қаламраваш ронд.

XS
SM
MD
LG