Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рухшонаи 31-сола худро ба дарёи Зарафшон андохт


Ноҳияи Айнӣ
Ноҳияи Айнӣ

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, рӯзи якшанбе, 16 август рӯзона дар пеши чашми мардум як ҷавонзани маҳаллӣ баъди ҷанҷоли хонаводагӣ даст ба худкушӣ зад. Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ 17 август ба радиои Озодӣ гуфт, тақрибан дар соат 13:30 сокини деҳаи Урметан Рухшона Аҳмадоваи 31-сола даст ба худкушӣ зада худро ба дарёи Зарафшон андохтааст. Вай гуфт, сабаби мушаххаси худро ба дарё партофтани Рухшона маълум нест, вале ҳамсоягонаш мегуянд, ки гӯё ин зан баъди як муноқишаи хонаводагӣ даст ба ин амал задааст.

Баъди ҷустуҷӯи якшабонарӯзӣ, ҷасади ин зан аз дарё берун оварда шуд. Рухшона Аҳмадова модари ду фарзанд буд. Тафсилоти дигари ин ҳодиса феълан дар даст нест.

Соли 2014 дар саросари Тоҷикистон ҳудудан 500 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки аксари онҳо занон мебошанд. Равоншиносон мегӯянд, мизони афсурдагии занон назар ба мардон ду баробар баландтар аст.

XS
SM
MD
LG