Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ҷопон ба Тоҷикистон меояд


Шинзо Абэ

Матбуоти Ҷопон менависад, ки сарвазири ин кишвар Шинзо Абэ моҳ октябр аз ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, боздид мекунад. Ин нахустин сафари расмии раҳбари ҳукумати Ҷопон ба Осиёи Марказӣ аз августи соли 2006 ба ин сӯст. 9 сол пеш сарвазири вақти Ҷопон Юнитиро Коидзуми аз Қазоқистон ва Узбакистон боздид карда буд. Рӯзи 13 август вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо як ҳайъати вазорати хориҷаи Ҷопон бо роҳбарии Мудири генералии Бюрои умури Аврупо Ҳаҷиме Ҳаяши мулоқот кард. Дар хабари ин мулоқот ишорае ба сафари қарибулвуқӯи Абэ нест. Танҳо гуфта мешавад, ки “дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.”

XS
SM
MD
LG