Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

15 сентябр - рӯзи интихоби раиси нави ҲНИТ

Анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар он масъалаи тағйироти кадрӣ, бахусус ивази раҳбари он матраҳ хоҳад шуд, 15 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад. Ин тасмимро аъзои раёсатии олии ҲНИТ дар ҷаласаи паси дарҳои бастаи рӯзи ҷумъа дар қароргоҳи ин ҳизб гирифтанд. Ҷузъиёти дигари ҷаласа ошкор нест. Аммо рӯзи баргузории анҷумани ҲНИТ дар ҳоле эълон шуд, ки ҳафтаи гузашта нишасти аъзои Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар Истамбул ва бо даъвати Муҳиддин Кабирӣ баргузор гардид. Дар он нишаст "сиёсати мақомоти давлатӣ нисбат ба ҲНИТ, роҳҳои пешгирӣ аз фишору маҳдудиятҳо ва ислоҳоти эҳтимолии кадрӣ " баррасӣ шуд. Муҳиддин Кабирӣ, ки баъд аз даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 раҳбари ҲНИт интихоб шуд, ним сол боз дар хориҷа ба сар мебарад. Ӯ дар аввал гуфта буд, барои табобат ва иштирок дар ҳамоишҳо дар хориҷ аст ва ба Ватан бармегардад. Вале Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ӯ хост, ки мувақтан ба Тоҷикистон наояд, чун ба бовари онҳо эҳтимоли ҷисман аз миён бурдани Кабирӣ вуҷуд дорад. Иттилое, ки дертар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, рад карданд.

Анҷумани ҲНИТ 15 сентябр баргузор мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Пешсафии Раҳим Азимов, зодаи Тоҷикистон, дар интихоботи Русия

Раҳим Азимов зодаи шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара аст

Раҳим Азимов, зодаи Тоҷикистон, дар интихоботи порлумонии Русия, ки аз сӯйи мақомот таъриф, вале аз сӯйи мухолифин танқид шуд, аз рақибонаш ройи бештар гирифтааст. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, ӯ дар ҳавзаи якмандатии 105-уми вилояти Киров тақрибан 44 дарсади овози мардумро соҳиб шуд.

Азимов аз соли 2016 то ин дам низ вакили Думаи давлатӣ ё порлумони Русия буд. Вай рӯзи 20-уми сентябр дар паёме аз сокинони вилояти Киров барои пуштибонияшон сипос гуфт. Раҳим Азимов узви ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" аст.

Интихоботи порлумонии Русия аз 17 то 19-уми сентябр баргузор шуд. Дар ҳоле ки мақомот аз тарзи баргузории он ситоиш карданд, мухолифон ва нозирони бетараф онро пур аз қонуншиканӣ хонданд.

Раҳим Азимов зодаи шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара аст. Соли 1964 дар оилаи коргар ба дунё омада, Донишгоҳи маъданшиносии ба номи Г.В.Плеханови шаҳри Ленинградро аз рӯи ихтисоси "технология ва механизатсияи коркарди маъдан" хатм кардааст.

Пас аз хатми донишгоҳ дар Русия монда, дар соҳаи саноат ба фаъолият идома дод. Дар охири солҳои 90-ум намояндаи доимии Ҷумҳурии Комӣ дар назди президенти Русия ва раҳбари иҷроияи барномаҳои Бунёди минтақавӣ барои Шимоли Русия буд.

Хатмкардаи Академияи дипломатияи Вазорати корҳои хориҷии Русия ва донишгоҳи умури дохилии Санкт-Петербург ва доктори илмҳои техникӣ аст.

СММ: Тоҷикистон дар мақоми поини ташаббусҳои зеҳниву рушди илмӣ

Кӯчае дар Душанбе

Тоҷикистон дар гузориши СММ оид ба Шохиси ҷаҳонии ташаббусҳо аз миёни 132 кишвар дар ҷои 103-юм қарор гирифтааст. Гузорише, ки пешрафтҳои илмиву иҷтимоӣ ва ҳам вазъи сиёсии кишварҳоро аз соли 2007 таҳқиқ мекунад, яке аз таҳқиқоти ҳарсолаи мутахассисони Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ мебошад. Пажӯҳиши имсола бар асоси 81 нишондод, аз ҷумла, таъсири пандемияи COVID-19 ба паҳлӯҳои мухталифи ҷомеаҳо барпо шудааст. Пажӯҳишгарон, аз ҷумла, нишондодҳои мисли сармояи инсонӣ, зербунёдҳо, рушди тиҷорату соҳибкорӣ, фанновариҳо ва ташаббусҳоро дар ҳар кишвар мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Нишонодҳои Тоҷикистон аз назари фазои сиёсӣ, шароити тиҷорату соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ба инсон, рушди илмӣ, маҳсулоти зеҳнӣ ва фаннӣ дар қиёс бо кишварҳои дигар чандон баланд нест.

Дар феҳристи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ин назар Швейсария, ИМА, Бритониёи Кабир, Ҷумҳурии Корея, Нидерланди, Финляндия, Сингапур, Дания ва Олмон ёд мешаванд. Чин дар ҷои 12, русия дар мақоми 45 ва Беларус дар мақоми 62-юм мебошанд. Муҳаққиқон гуфтаанд, ки таъсири бӯҳрони пандемияи коронавирус дар иқтисоди кишварҳои зиёд “ба таври нобаробар ва номуназзам” будааст. Масалан, ширкатҳое, ки бо хадамоит интернетӣ машғул ҳастанд, сармоягузорӣ ба кору ташаббусҳои худро афзоиш дода, бо рушди барномаҳои интернетӣ, маҳсулоти доруворӣ ва биотехнологияҳо машғул шудаанд. Дар соҳаҳои мисли нақлиёту ҷаҳонгардӣ нишондодҳо поин омадаанд. Дарен Танг, раҳбари калони Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ зимни муаррифии ин гузориш гуфтааст, бархе соҳаву ширкатҳо, мисли онҳое, ки бо хадамоти рақамӣ ва интернетӣ машғуланд, дар баробари зарбаҳои пандемияву воқеиятҳои нав “истодагарӣ карданд”. Ӯ гуфт, “ташаббус ва навкорӣ дар раҳоӣ аз саддҳову чолишҳои умумӣ нақши хеле муҳим мебозанд”. Дар Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус ва пеш аз он ҳам интиқодҳо аз то рафт бад шудани хадамоти интернетӣ, суръати заъифу нархномаҳои баланди ин хадамот интиқодҳо зиёд садо додааст. Бархе соҳибкорони пешқадам дар Тоҷикистон ҳам аз солҳо пеш мегӯянд, ки барои кишвари вобаста аз даромадҳои муҳоҷирон ва бо захираҳои начандони ғании табиӣ маҳз интернет метавонад шонсе барои пешбурди соҳаи соҳибкориву тиҷорат ва сармоягузорӣ, пайдо шудани хадамоти нави тиҷоратӣ тавассути шабакаи интернетӣ шавад. Мунаққидони ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет бо ҳадафҳои сиёсӣ ва ҳам вуҷуди фасод дар муҳити сармоягузории кишвар интиқод мекунанд. Сомонаи таҳлилии datareportal.com мегӯяд, Тоҷикистон аз назари суръати Интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аз ҳама охир қарор дорад.

Дар Алмаато марде панҷ нафар, аз ҷумла ходимони полис ва судиҷрочиро куштааст

Акс аз бойгонӣ

Дар Алмаато полис гуфт, ки ҳангоми аз як манзил дар ноҳияи Алатоу берун кардани оилае марде тир кушод ва панҷ нафарро кушта бар ҷой гузошт. Яке аз нафароне, ки бояд маҷбуран аз хонааш берун карда мешуд, марди 54-сола буда, эҳтимолан ӯ тир холӣ кардааст. Дар натиҷа, ду ходими полис, як судиҷрочӣ ва ду марди мулкӣ кушта шуданд. Полис гуфт, ки марди ҳамлагар боздошт шудааст ва вазъият таҳти назорат аст. Маълум нест, ки оё касе дар ин ҳодиса маҷруҳ шудааст ё на.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое нашр мешавад, ки дида мешавад дар назди манзиле ходимони полис ва мошинҳои онҳо қарор доранд. Таҷрибаи маҷбуран аз хона берун кардани хонаводаҳо маъмулан нисбати қарздорони бонкҳо татбиқ мешавад.

Тафсилоти нави тирандозӣ дар Перм. Ҳамлагар дар ҳолати сангин дар беморхона аст. ВИДЕО

Дар назди донишгоҳи Перм. 20-уми сентябри соли 2021

Марде, ки ба тирандозӣ дар Донишгоҳи давлатии Перм гумонбар мешавад, дар ҷараёни боздошт маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар ҳолати сангин дар беморхона қарор дорад. Кумитаи тафтишоти Русия бо пахши изҳороте гуфт, дар ҳамлаи рӯзи 20-уми сентябр шаш нафар кушта ва 28 кас захмӣ шуданд. Қаблан ин кумита шумори кушташудаҳоро ҳашт нафар гуфта буд.

Вазорати беҳдошт гуфт, 24 нафар осори захмро дар беморхона табобат мекунанд. Сухангӯи донишгоҳи Перм Наталя Печишева, ки қаблан гуфта буд, ҷавони тирандоз “нобуд карда шудааст”, дертар хабар дод, ки ӯ дар идораи полис мебошад.

Назди Донишгоҳи давлатии Перм. 20-уми сентябри соли 2021
Назди Донишгоҳи давлатии Перм. 20-уми сентябри соли 2021

Дар як навори видеоӣ дида мешавад, ки марди мусаллаҳ дар дохили ҳавлии донишгоҳ пайдо мешавад. Ӯ тахминан соатҳои 11-и субҳ ба яке аз биноҳои донишгоҳ ворид шуда, оташ мекушояд. Шабакаи REN TV наворҳоеро нишон дод, ки дида мешавад бархе аз тарс худро аз ошёнаи дуюм ба замин мепартоянд.

Хадамоти матбуоти донишгоҳ гуфт, ки гумонбар дар даст силоҳе дошт, ки бо тири пластикӣ мусаллаҳ шуда буд. Ингуна силоҳҳо метавонанд бо тирҳои воқеӣ пур карда шаванд. РИА Новости маълум кардааст, ки гумонбар силоҳро аз роҳҳои қонунӣ харидааст.

Перм дар 1200-километрии шимолушарқи Маскав ҷойгир буда, баробари рӯ додани ҳодисаи тирандозӣ маъмурият аз донишомӯзон талаб кард, ки дари синфхонаро бубанданд. Дарсҳо бекор карда шуданд. Дар ин донишгоҳ 12 ҳазор нафар таҳсил мекунад ва ба ҳангоми тирандозӣ 3 ҳазор нафар дар дохили донишгоҳ будааст.

Наворро дар инҷо бинед:

Ҳамлаи мусаллаҳона ба донишгоҳи Перм 8 куштаву чанд захмӣ дар пай дошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

 Гутерреш: Муборизаҳои дохилии «Толибон» барои қудрат талошҳои байналмилалиро ба ҳам мезанад

Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ

Дабири кулли СММ Анонио Гутерреш гуфт, ки “муборизаи идомаёбанда барои қудрат” дар миёни гурӯҳҳои рақиби аъзои «Толибон» вазъи Афғонистонро ба ҳам мезанад. Дар поёни моҳи августи соли ҷорӣ нирӯҳои байналмилалӣ Афғонистонро тарк карданд ва баъди 20 соли ҷангҳо гурӯҳи муҳофизакори исломии «Толибон» сари кор омад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол аз «Толибон» даъват дорад, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил шуда, кишварро ба “паноҳгоҳи террористон табдил надиҳад”. Гутерреш гуфт, андешаи ин ки гӯё бо вориди Афғонистон шудани СММ дар аҳди «Толибон» якбора ҳукумати фарогир аз намояндагони гурӯҳу қавмҳои мухталиф созмон меёбад, ҳуқуқҳо таъмину ин қаламрав аз террористон озод мешавад, “хаёли хом аст”. Ӯ гуфт, ки “тавон ва имкониятҳои СММ маҳдуд аст”, вале, ба гуфтааш, ин ниҳод метавонад дар кишвари ҷангзада аз назари ёриҳои башарӣ нақши калидӣ иҷро кунад.

Гутерреш дар остонаи шурӯи мубоҳисаҳои баландпоя дар Маҷмаи кулли СММ, ки аз рӯзи 21-уми сентябр оғоз мешавад, ба АП гуфт: “Маълум аст, ки дар миёни гурӯҳҳои мухталифи раҳбарияти «Толибон» мубориза барои қудрат ҷараён дорад. Вазъият норӯшан боқӣ мемонад”.

«Толибон» рӯзи 7-уми сентябр аъзои ҳукумати нави худро эълон карданд, ки аксаран аз аъзои собиқадори ин созмон ва бар асоси феҳристи СММ ва ИМА ба ҳайси афроди хатарноку террорист ва мамнӯъ иборат мебошанд. Гутерреш гуфт, ки давоми ду даҳсола барои ҳалли мушкилоти Афғонистон трриллионҳо доллар равона шуд, вале “Толибон” дубора сари қудрат омаданд.

Гутерреш гуфт, ин андеша ғайривоқеӣ аст, ки СММ омада дар як фурсати кӯтоҳ метавонад ҳукумати фарогире сохта, риояи озодиҳову ҳуқуқҳоро таъмин мекунад ва намегузорад, ки террристон аз хоки Афғонистон истифода кунанду қочоқи маводи мухаддир хотима ёбад.

Гутерреш дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки СММ дар тамос бо “Толибон” талош дорад, ки ёриҳои башариро ба ин кишвар бирасонад. Ӯ гуфт, ки СММ талош дорад “онҳоро ба дарки зарурати ҷалб шудани “Толибон” ба барномаҳои башардӯстона водор намояд”. Ӯ инчунин гуфт, ки СММ талош дорад ба “Толибон” зарурати дарки ҳамраъйии ҷомеаи байналмилалӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи кору таҳсили занону духтаронро расонад, ки, ба гуфтааш, баъдан роҳро барои эътирофи ҳукумати “Толибон” ҳамвор мекунад.

Ҳеҷ давлати хориҷие ҳукумати “Толибон”-ро эътироф накардааст. “Толибон” гуфтаанд, ки кишвар “аморати исломӣ” мешавад ва мудирияти он бар асоси қонунҳои шариати исломӣ ба роҳ монда мешавад. Мақомоти амрикоӣ аллакай ҳушдор доданд, ки дар хоки Афғонистон таҳдидҳои байналмилалии террористии мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” ваё бахши маҳаллии он “Шохаи Хуросони Давлати исломӣ” амал мекунанд. Ҷангиёни гурӯҳи дуюм масъулияти ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии Кобулро дар таърихи 26-уми август ба ӯҳда гирифтанд, ки ҷони даҳҳо нафар – асосан хосторони тарки Афғонистон карданро гирифта буд.

Рӯзи 19-уми сентябр дар як изҳороте ин гурӯҳ иддао кардааст, ки давоми рӯзҳои истироҳати гузашта чандин мошини “Толибон”-ро дар шарқи Афғонистон ҳадаф қарор додааст. Санҷиши дурустии ин иддао феълан имкон надорад, вале гуфта шуд, ки дар ҳамлаҳои 18 ва 19-уми сентябр дар Ҷалолобод дасти кам 8 нафар, аз ҷумла ҷангиёни "Толибон" кушта шуданд.

Оташфишонии вулқоне дар Испания боиси кӯчондани сокинони чор деҳа шуд

Вулқони Ла Палма бедор шуда оташ гирифт. Шаби 19 ба 20-уми сентябр

Дар ҷазираи Канари Испания баъди оташ гирифтани вулқоне дар Ла Палма сокинони чор деҳаи атрофро аз наздикиҳои он берун бурданд. Вулқон рӯзи 19-уми сентябр ногаҳон бедор шуд ва мавҷи оташу дуд ба осмон ва аз он ҷо ба самти деҳаҳои атроф паҳн гардид. Мақомот дар навбати аввал гурӯҳи осебпазир ва ҷонварони фермаҳои маҳаллиро аз деҳоти атрофи вулқон наҷот доданд.

Ҷазираҳои Канари дар 100-километрии соҳилҳои ғарбии қораи Африқо ҷойгир буда, макони вулқони Ла Палма дар канортарин ҷазираи шимолуғарб ҷойгир аст. Сабтҳои видеоии шабонгоҳ сабтшуда нишон медиҳад, ки мавҷи гарми алангаи оташ нахуст ба баландии зиёд мепарад ва баъд ба замин афтода ба поён мерезад.

Нахуствазири Испания Педро Санчез чанд соат баъди шурӯи оташфишонии вулқон ба Ла Палма парвоз карда бо мақомоти маҳаллӣ ҳамсӯҳбат шуд.

Канари як макони бисёр маъруфи истироҳатӣ мебошад ва ба иттилои хабаргузориҳо, фурудгоҳи ҷазира ба таври маъмулӣ кор мекунад ва ҳеҷ парвозе бекор нашудааст. Ба иттилои президенти ҷазираҳои Канари, то шоми якшанбе 5 ҳазор сокини деҳоти атрофи вулқон берун бурда шуданд. Виктор Торрес гуфт, ки оташи вулқон ба самти ҷазира ҳаракат карда, ҳар чизи пахшкардаашро нобуд мекунад. Ҳафтаи гузашта макони Кумбре Вйехаи Ла Палма шоҳиди як силсила тапишҳои замин шуд ва мақомоту сокинони маҳаллиро дар ҳолати омодабош қарор дод. Бори охир соли 1971 баъди айни чунин ҳолат Ла Палма шоҳиди оташфишонии вулқон шудааст.

Ҳашт кушта ва чандин захмӣ дар ҳамлаи мусаллаҳона ба Донишгоҳи Перм. Мақомот: Ҳамлагар нобуд карда шуд. ВИДЕО

Назди Донишгоҳи давлатии Перм. 20-уми сентябри соли 2021

Марде, ки дар Донишгоҳи давлатии Перми Русия рӯзи 20-уми сентябр оташ кушод ва ҳашт нафарро кушт, аз ҷониби мақомоти интизомӣ "нобуд карда шуд". Қаблан дар як изҳороти Кумитаи тафтишот гуфта буд, ки “гумонбар ҳангоми муқовимат маҷруҳ гардид”.

Дар ҳамин ҳол, Телеграм канали “Маш” навишт, ҳамлагари эҳтимолии боздоштшуда Тимур Бекмансуров ном дорад. Мақомот ҳанӯз ин маълумотро тасдиқ ё рад накардаанд.

Матбуоти маҳаллӣ менависад, ҳамлагар ба яке аз биноҳои донишгоҳ ворид шуда, оташ кушод. Шабакаи РЕН ТВ саҳнаҳои аз ошёнаи дуюм паридани одамонро дар яке аз биноҳои донишгоҳ намоиш дод.

Назди Донишгоҳи давлатии Перм. 20-уми сентябри соли 2021
Назди Донишгоҳи давлатии Перм. 20-уми сентябри соли 2021

Перм макони зисти 1 миллион нафар буда, дар 1400-километрии шамолушарқи Маскав ҷойгир аст. Маъмурияти донишгоҳ дар саҳифааш дар паёмрасони VKontakte навишт, ба донишҷӯёну маъмурият гуфта шуд, ки дари синфхонаҳоро банданд, дарсҳо бекор шудааст.

Дар давоми чор моҳи гузашта ин дуюмин ҳодисаи тирандозӣ дар дохили муассисаи таълимӣ дар Русия мебошад.

Дар ҳодисаи моҳи майи имсол ҳамлагари мусаллаҳ Илноз Галявиеви 19-сола, ки нӯҳ касро кушта, чандин нафарро маҷрӯҳ кард, бемори рӯҳӣ будааст. Пас аз ин ҳодиса қонунгузорон фурӯши силоҳро дар Русия маҳдуд карданд.

Ҳодисаи мудҳиши террористӣ соли 2004 дар шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ рух додааст. Рӯзи 1-уми сентябр гурӯҳи мусаллаҳе садҳо хонандаи мактабу омӯзгоронро гаравгон гирифта, 330 нафарро ба қатл расониданд. Баъди ин масъалаи таҳкими амният дар муассисаҳои таълимии Русия аз тақозоҳои ҷиддии давлат шуд.

Наворро дар инҷо бинед:

Ҳамлаи мусаллаҳона ба донишгоҳи Перм 8 куштаву чанд захмӣ дар пай дошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Навбатпоиҳои тӯлонӣ барои қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон

Красногорск, ҷамъи муҳоҷирон. 17-уми сентябри соли 2020

Бо наздик омадани поёни муҳлати қонунӣ намудани буду боши шаҳрвандони хориҷӣ, дар назди марказҳои муҳоҷиратии Русия ин бор ҳам навбтапоиҳои тӯлониии муҳоҷирон шурӯъ шудааст. Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани наворҳо аз манотиқи гуногун мегӯянд, барои гирифтани патент соатҳо интизорӣ мекашанд. Аз ҷумла дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Қазон расидааст, анбӯҳи муҳоҷирон дида мешавад. Ҳарчанд аз моҳи июн то 30-юми сентябри имсол тибқи фармони президенти Руси Владимир Путин мақомот ҳақ надоранд муҳоҷиронро аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд ва ё дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон ба ҳудуди ин кишвар қарор қабул намоянд, вале рейдҳо пайваста идома дошт. Муҳоҷироне, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст нест, ба шӯъбаи пулис бурда ва ҷарима карда мешаванд. Дар ин баробар аз ҳамаи онҳо аксу изи ангушт гирифта ва дар бойгонии маълумот ворид карда мешавад.

П.Муллоҷонов: Тоҷикистон бояд ба озод кардани ду шаҳрвандаш дар Қирғизистон иқдом кунад

Парвиз Муллоҷонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. 9 сентябри соли 2021

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо намуд, ки барои аз зиндон озод кардани ду шаҳрванди маҳкумшудааш дар Қирғизистон даст ба кор шавад. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Қирғизистон Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, сокинони вилояти Суғдро дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрели имсол ба ҳабси абад маҳкум кард. Ин ду нафар ба ҷиноят бар зидди сулҳ ва ғоратгарӣ гунаҳгор дониста шуданд. Додгоҳ дар пушти дарҳои баста ҷараён гирифт ва шаффофияти он ва риоя шудани ҳуқуқи маҳкумшудаҳо зери суол аст.

Муллоҷонов дар саҳифаи фейсбукии худ рӯзи 16-уми сентябр навишт: “Агар ҳукумати Точикистон барои наҷоти ин ду шахс ба таври ҷиддӣ талош накунад, дигар дар оянда, агар мабодо даркор шавад, бисёриҳо дар ин минтақа барои ҳимояи меҳан намехезанд”. Ин сиёсатшинос мегӯяд, «на танҳо мардум бояд давлатро ҳимоя кунад, балки давлат ҳам бояд ҳар як шаҳрванди худро бо ҳар роҳу васила пуштибонӣ кунад”.

Дар ҳамин ҳол, муҳокимаи се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрел дар додгоҳи вилояти Бодканд идома дорад. Айбдоркунанда дар мурофиае, ки ҳамчунон пушти дарҳои баставу ношаффоф мегузарад, рӯзи 15-уми сентябр талаб кард, ки гумонбарон ба мӯҳати 20 сол зиндонӣ шаванд. Интизор меравад, ҳукми онҳо 21-уми сентябр эълон шавад.

Мурофиаҳои судии мазкур панҷ моҳ баъди муноқишаи пурхушунати марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мегузарад, ки дар он даҳҳо шаҳрванд аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд. Душанбеву Бишкек дар рӯй додани ин муноқиша ҳамдигарро гунаҳгор карданд ва равобити сиёсиву дипломатии ду кишвар пуртаниш шуд.

Дар ҳамла ба донишгоҳи Перм 5 кас кушта шуд

Рӯзи 20-уми сентябр шахси номаълум дар бинои Донишгоҳ давлати Перми Русия оташ кушод. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки дар ин тирандозӣ 5 нафар куштаву шаш нафар захмӣ гардиданд. Дар Телеграм-канал наворҳои видеоие паҳн мешавад, ки дар он дида мешавад одамон аз тирезаҳои донишгоҳ ба замин мепаранд, то ки наҷот ёбанд. Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки ҳамлагари эҳтимолӣ боздошт шудааст. Вале Телеграм-канали «112» мегӯяд, ки ҳамлагар кушта шудааст.

Baza менависад, ки ҳамлагар бар асари захми бардоштааш ҷон дод. Волии Перм гуфт, ки “яке аз ҳамлагарон” нобуд карда шуд, иттилоъ дар бораи шарикони эҳтимолии ҳамлагар санҷида мешавад. Бар асоси бархе манбаъҳо, гумон меравад, ки ҳамлагар 18 сол дошт ва ба ин ҳамла аз муддатҳо пеш омодагӣ дидааст.

Амрико ба Тоҷикистон тақрибан 115 ҳазор ваксинаи Pfizer ва ҳашт яхдон дод. АКС

Амрико ба Тоҷикистон дар умум беш аз ду миллион воя ваксина додааст

Амрико дар доираи барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор воя ё доза ваксинаи Pfizer-BioNTech дод, ки нигоҳ доштанаш дар муқоиса ба ваксинаҳои дигар мушкилтар аст. Ин навъи ваксина бо ҳашт яхдони махсус бори аввал субҳи 20-уми сентябр ба Тоҷикистон оварда шуд.

Тоҷикистон то кунун тавассути барномаи COVAX аз кишвару созмонҳои гуногун зиёда аз 4 миллиону 900 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Спутник V гирифтааст.

Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон, гуфт, 2 миллиону 100 ҳазор воя ваксинаро Иёлоти Муттаҳида додааст. Ӯ рӯзи душанбе гуфт, кишвараш ёрӣ ба Тоҷикистонро идома медиҳад, то садҳо ҳазор нафари дигар ба зидди бемории ҳамагир эм карда шаванд. "2 миллиону 100 ҳазор ваксина барои эмкунии 1 миллион одам ё 18 дарсади аҳолии аз 18-сола боло мусоидат хоҳад кард", -- афзуд ӯ.

Ба иттилои намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе, то охири ҳафта боз дусад ҳазор ваксинаи Pfizer ба Тоҷикистон оварда хоҳад шуд.

Тоҷикистон дар моҳи июни имсол эмгузаронии зидди COVID-19-ро барои сокинони аз 18-сола боло ҳатмӣ кард. Ин қарор норозигиҳоро ҳам ба миён овард ва талаб карда шуд, ки эм кардан бояд ихтиёрӣ бошад. Бархе ҳам мегӯянд, ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон довталабона эм гирифтаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон як ҳафта боз хабар медиҳад, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст. Мақомот инро натиҷаи эмкунӣ медонанд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, мумкин аст, шиддати беморӣ андаке поин омада бошад, вале пурра аз байн нарафтааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори эмшудаҳо ба муқобили COVID-19 дар кишвар аз ду миллион нафар гузашт, аммо шубҳаву гумонҳо ба ин омор зиёд аст. Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири тандурустӣ, рӯзи 20-уми сентябр гуфт, дар маҷмуъ, то ҳол 39,4 дарсади аҳолии Тоҷикистон эм карда шудаанд: «Шаҳри Душанбе 99 дарсад, вилояти Бадахшон 60, Суғд 33,1, Хатлон 30 ва ноҳияҳои тобеи марказ 30,6 дарсад ваксина гирифтаанд.»

«1,4 миллион нафар алакай вояи дувумро гирифтаанд», -- афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки моҳи августи имсол дар баъзе аз минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳрвандон гуфта буданд, эми якумро гирифта, бо гузашти зиёда аз ду моҳ барояшон имконияти вояи дувум дода нашудааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то 13-уми сентябр гирифтории беш аз 17 ҳазор нафар ба COVID-19 тасдиқ шуда, 124 кас аз ин беморӣ фавтидаанд. Оморе, ки на ҳама ба дурустии он бовар доранд ва шумори гирифторон ба беморӣ ва фавтидагонро бештар арзёбӣ мекунанд.

ДОИШ масъулияти таркишҳоро дар Ҷалолобод ба ӯҳда гирифт

Наздикии маҳали таркиш дар Ҷалолобод. 18-уми сентябри 2021

Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамлаҳои ду рӯзи гузашта дар шаҳри Ҷалолобод -- маркази вилояти Нангарҳор, воқеъ дар шарқи Афғонистонро ба ӯҳда гирифтааст.

Хабаргузории "Ройтерз" гузориш дод, ки пойгоҳии хабарии "Аъмоқ", вобаста ба ДОИШ, дар паёме дар "Телеграм" иддао кардааст, ки дар ин таркишҳо беш аз 35 нафар аз афроди "Толибон" кушта ё захмӣ шуданд.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки дар таркиши рӯзи якшанбе дар шаҳри Ҷалолобод 5 кас, аз ҷумла як кӯдак ҷон бохтанд.

Дар се таркиши мина дар рӯзи шанбе дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Ҷалолобод ба камиаш 3 тан кушта ва 19 нафар захмӣ шуданд.

Дар як таркиши дигар дар ғарби шаҳри Кобул рӯзи шанбе ду кас захмӣ шуданд. "Толибон" дар бораи талафоти таркишҳои шаҳри Ҷалолобод расман чизе нагуфтаанд. Аммо ин гурӯҳ гуфтааст, талошҳо идома доранд, то аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ шавад.

Боз як нахуствазири пешини Қирғизистонро боздошт карданд

Ҷоомарт Оторбоев

Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири пешини Қирғизистон дар доираи парвандаи фасодкорӣ ва дигар қонуншиканиҳои марбут ба кони тилои "Қумтор" боздошт шуд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 16 сентябр хабар дод, ки Оторбоев боздошт карда ва дар 48 соати оянда додгоҳ ҳукми ҳабси пешакии ӯро содир хоҳад кард.

Ҷоомарт Оторбоев ҳукумати Қирғизистонро аз моҳи марти 2014 то апрели соли 2015 роҳбарӣ карда буд. Дар чанд моҳи охир дар Қирғизистон чанд сарвазири пешин ва мансабдорони собиқ, инчунин вакилони феъливу пешини порлумони Қирғизистон боздошт шуданд.

"Қумтор" чанд соли охир дар меҳвари баҳсҳои моливу иқтисодӣ қарор гирифта, айни замон ба масъалаи баҳсӣ миёни ҳукумати Қирғизистон ва ширкати канадагии Centerra Gold табдил шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон назорати конро муваққатан дар даст гирифт. Centerra Gold ин амали Қирғизистонро "ғайриқонунӣ" унвон кард.

Арманистон Озарбойҷонро ба додгоҳ кашид

Арманистон ба мақмоти додгоҳии Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурда, Озарбойҷонро дар поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандони Арманистон ва армантаборон, дар ҷараёни низои мусаллаҳонаи соли 2020 дар Қарабоғи Куҳӣ, айбдор кардааст.

Бино ба изҳороти Додгоҳи байналхалқии СММ, ки рӯзи 16 сентябр нашр шуд, Арманистон мегӯяд, Озарбойҷон "нисбати арманиҳо табъйизи нажодӣ" раво дидааст. Арманистон мегӯяд, "арманиҳо аз табъйизи мудовим, куштори гуруҳӣ, шиканҷа ва дигар беҳуқуқиҳо ранҷ бурдаанд".

Ба иттилои Арманистон, "ин таҷриба ба хусус дар моҳи сентябри соли 2020 авҷ гирифт", ки он замон вазъи Қарабоғи Куҳӣ шиддат ёфта буд. Арманистон шикоят кардааст, ки дар ҷанги моҳи сентябр Озарбойҷон Конвенсияи байналхалқӣ дар умури маҳви ҳама гуна табйизи нажодиро поймол кардааст.

Ба иттилои мақомоти Арманистон, "ҳатто баъди хатми ҷанг" ва оташбаси 10 ноябри соли 2020 Озарбойҷон "ба куштор, шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмонаи асирони арманӣ" идома додааст.

Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфт, ки Боку "худро муҳофизат" мекунад ва Арманистонро низ бо айни ин иттиҳомот айбдор месозад.

Муносибатҳои Озарбойҷону Арманистон шиддатнок боқӣ мемонад. Ҷанги шашҳафтаинае, ки моҳи сентябри соли 2020 шуруъ шуд, на камтар аз 6 900 қурбонӣ дошт. Дар пайи он ҷанг Арманистон аз қисме аз заминҳое маҳрум шуд, ки даҳсолаҳо дар ихтиёри армантаборон буданд.

Мақомоти қазоқ гуфтанд, аз нобудсозии "Малий Талдикол" муваққатан даст мекашанд

Ҳомиёни гуруҳи кӯлҳои "Малий Талдикол" дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон нахустин пирӯзии худро ҷашн мегиранд.

Муовини шаҳрдори пойтахти Қазоқистон оид ба сохтмон Нурлан Нуркенов дар ҷаласаи шӯрои ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ ваъда дод, ки "то бартараф шудани нофаҳмиҳо" корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди кулро қатъ мекунанд.

Ҳомиёни зистмуҳитии Нурсултон гуфтанд, дар ҷаласа тавонистанд исбот кунанд, ки "Малий Талдикол" як кули зинда буда, аз он ҳеч гуна бӯйи баде хориҷ намешавад.

Малий Талдикол гуруҳи кӯлҳои хурде мебошад, ки дар ҳудуди пойтахти Қазоқистон ҷойгир аст. Аз онҳо паранда ва ҳайвонҳои нодиру шомили Китоби сурх об менушанд. Мақомоти шаҳрдории Нурсултон тасмим гирифтаанд, ки дар ҷои кӯлҳо маҷмааи сайёҳӣ созанд.

Экологҳо бар ин назаранд, ки сохтмони маҷмааи сайёҳӣ дар ҷои кӯлҳо хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Қазоқистон аст. Вале мақомоти қазоқ бо вуҷуди эътирозҳо ба кори худ идома медиҳанд.

Бритониё аз шаҳрвандонаш хост, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эҳтиёткор бошанд

Бритониё Қирғизистонро аз рӯйхати кишварҳое, ки сафар ба онҳо ба далели вазъи эпидемиологӣ ва коронавирус тавсия дода намешавад, хориҷ кард.

Ба огаҳии сомонаи ҳукумати Бритониё, дар ин бора 17 сентябр қароре ба имзо расидааст. Ҳаминтариқ Қирғизистон нахустин кишвари минтақа шуд, ки мақомоти бритониёӣ онро аз нигоҳи эпидемиологӣ расман амн номиданд.

Ҳукумати Бритониё ба шаҳрвандони худ тавсия додааст, ки ҳангоми сафар ба ҷануби Қирғизистон аз эҳтиёт кор бигиранд. "Эҳтимоли сар задани низоъ дар минтақаҳои баҳсии марзии Қирғизистону Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ҳамчунин гоҳ-гоҳе дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Узбекистон низоъҳое рух медиҳад", - афзудаанд мақомоти бритониёӣ.

Бори ахир охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи хунин сар зад, ки дар он аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ҷонибҳо якдигарро дар сар задани муноқиша айбдор карданд.

Мақомоти Бритониё гуфтаанд, рух додани ҳамлаи террористӣ ва замирларза низ дар Қирғизистон аз эҳтимол дур нест.

Узбекистон 12 узви "Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро боздошт кардааст

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Тошканди Узбекистон 12 нафарро бо гумони иштирок дар фаъолияти созмони мамнуи ифротгарои "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт карданд.

"Боздоштшудаҳо зери раҳбарии Р. У, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Юнусободи Узбекистон бо ифротгароӣ машғул буданд", - омадааст дар иттилоияи пулиси Тошканд.

Ба огаҳии манбаъ, Р. У. ва ҳамроҳонаш тавассути Интернет бо шаҳрванди Қирғизистон Маҳмудҷон Холдоров, соли таваллудаш 1980, ки ба Украина паноҳ бурдааст, тамос доштаанд.

Шаҳрвандони Узбекистон гӯиё мавъизаҳои шаҳрванди Қирғизистон ва маводи ифротгароӣ дар бораи "Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро дар кишвари худ паҳн карда, ҳамчунин ба сафи созмон шахсони навро ҷалб менамудаанд.

Вазорати умури дохилии Узбекистон шаҳрвандони он кишварро ҳушдор додааст, ки иштирок дар фаъолияти "Ҳизб-ут-Таҳрир", ҷонибдории идеяҳои созмон, ҳифз ва паҳн кардани мавъизаҳои шахсе бо номи "Maxmud Аbdulmoʼmin" (Маҳмудҷон Холдоров​) ҷиноят аст.

Пештар низ дар бораи боздошти 10 узви "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар ноҳияи Олмазори Тошканд хабар дода шуда буд.

Рӯзи охирини ройдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Русия

Шумориши варақаҳо

Мардуми Русия 19-уми сентябр дар рӯзи охирини ройдиҳӣ дар интихоботи порлумонии ин кишвар иштирок карданд. Овоздиҳӣ рӯзи ҷумъа оғоз шуда буд. Дар ин муддат дар бораи беназмиҳо ва саркӯби ҳаводорони Алексей Навалний, пешвои зиндонии мухолифон, гузориш шуд.

Баъд аз саркӯби мухолифон, расонаҳо ва хомӯш сохтани мунтақидон, интизор меравад, ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” дар интихобот баранда эълон шавад.

Вале ин ҳизб, ки президенти Руси Владимир Путинро ҳимоят мекунад, имкон дорад, аксарияти курсии худро дар порлумон аз даст диҳад. Назарсанҷиҳои пеш аз интихобот нишон дод, ки маҳбубияти ин ҳизб сӣ дарсад кам шудааст.

Ин ҳизб соли гузашта тавонист, қонунро тағйир дода, заминаи номзад шудани Путинро барои ду давраи раёсати ҷумҳурии дигар, баъд аз соли 2024, муҳайё кунад.

Ҳизби коммунист, ки дар мақоми дувум қарор дорад, пешбинӣ мешавад, дар интихобот баъзе курсиҳои ҳизби “Русияи воҳид”-ро аз они худ созад.

Ҳизби коммунист, ки аз маҳбубият дар миёни мардуми куҳансол бархӯрдор аст, имкон дорад, ин бор аз ҳаводорони Навалний низ бештар пуштибонӣ ёбад.

Рӯзноманигорони афғон: Нагузоред, озодии матбуот “бимирад”

Аъзои "Толибон" ин ду хабарнигори "Иттилооти рӯз"-ро барои бозтоби тазоҳуроти занон дар Кобул дастгир ва латукӯб кардаанд. 8-уми сентябри соли 2021

Зиёда аз 100 рӯзноманигори афғон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки барои ҳифзи озодии матбуот дар Афғонистон ёрӣ кунанд.

Журналистон муроҷиати худро ба воситаи созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) рӯзи 18-уми сентябр нашр карданд.

Муроҷиатро 103 хабарнигори афғон, аз ҷумла 20 зан, имзо гузоштаанд, вале аз хавфи гуруҳҳои харобкор номҳояшон ошкор карда намешавад. Аксари онҳо дар Афғонистон кор мекунанд, вале иддае пинҳон шуда, даҳ нафар дар берун аз кишвар ҳастанд.

Онҳо гуфтаанд, намехоҳанд, "рӯзноманигорӣ дар Афғонистон ба монанди солҳои 1996-2001 бимирад."

Ба қавли рӯзноманигорон, сарфи назар аз ваъдаҳои "Толибон", "аломати саркӯби умумӣ", аз ҷумла таҳдид ба рӯзноманигорон, тарсонидани ҳайати эҷодӣ ва сензураро мебинанд.

Онҳо "барои озодии матбуот дар Афғонистон, ҳифзи дастовардҳои бист соли охир дар робита ба истиқлоли расонаҳо, гуногунандешӣ ва ҳифзи рӯзноманигорон" даъват кардаанд.

Гуруҳи "Толибон" беш аз як моҳ боз назорат бар қаламравҳои Афғонистонро ба даст гирифта, монеи кори хабарнигорони зан ва бисёре аз барномаҳои таҳлиливу тафреҳӣ шудааст.

Таркиш дар Ҷалолобод. Матбуот: Як мошини "Толибон"-ро нишон гирифтанд

Ҷангҷӯёни "Толибон" дар Ҷалолобод

Бино ба гузоришҳо, рӯзи 19-уми сентябр дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон, таркиш рӯй додааст.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки ҳамлаварон як мошини “Толибон”-ро ҳадаф қарор доданд. Дар ин ҳамла дастикам 5 нафар, аз ҷумла як кӯдак, кушта шудаанд.

Шоҳидон гуфтанд, чанде аз ҷангҷӯёни “Толибон” ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ба навиштаи сомонаҳои хабарии маҳаллӣ, бар асари таркиш як хатти барқрасон низ вайрон шудааст. Ҷузъиёти бештаре дар даст нест.

Гуруҳи "Толибон" ҳодисаро шарҳ надодааст.

Рӯзи 18-уми сентябр дар се таркиш дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, ба камияш се нафар кушта ва 19 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳеч кас масъулияти таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст. Нангарҳор маркази ҷангҷӯёни шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ аст.

Ихроҷи муҳоҷирони Ҳаитӣ аз Амрико

Муҳоҷирон аз Венесуэла. Акс аз бойгонӣ

Мансабдорони Амрико эълон карданд, ки қасд доранд, парвозҳоро барои ихроҷ ё берун кардани муҳоҷирони Ҳаитӣ аз ин кишвар афзоиш диҳанд.

Ин муҳоҷирон пас аз гузаштан аз Мексика ба Иёлоти Муттаҳида дар зери як пул дар Техас ҷамъ шудаанд.

Вазорати амнияти дохилии Амрико рӯзи 18-уми сентябр гуфт, ҳудуди 2000 муҳоҷир барои хуруҷи эҳтимолӣ аз Иёлоти Муттаҳида ба берун аз шаҳрак бурда шуданд.

Масъулони вазорат гуфтаанд, мехоҳанд, дар се рӯзи оянда ҳадди ақал чаҳорсад маъмур ва афсарро дар шаҳраки сарҳадии Del Rio ҷойгир кунанд. Маҳалле, ки муҳоҷирон ҷамъ шудаанд.

То рӯзи ҷумъа беш аз даҳ ҳазор муҳоҷири ғайриқонӯнӣ ба ин шаҳрак расида буданд. Мақомоти Амрико тахмин мезананд, ки дар рӯзҳову ҳафтаҳои оянда шояд ҳазорон нафари дигар ворид шаванд.

Дар Покистон як маъмури полисро ҳангоми эмкунӣ куштаанд

Аз бойгонӣ

Мақомоти Покистон рӯзи 19-уми сентябр гуфтанд, шахсони ношинос дар шимолу ғарби ин кишвар як маъмури полисро куштаанд. Вай табибонро ҳангоми эмкунии кӯдакон ба зидди бемории фалаҷ посбонӣ мекард. Дар онҷо маъракаи панҷрӯзаи эмкунӣ идома дорад.

Ба гуфтаи афсари баландпоя, Холид Суҳайл, ҳамла дар рустои Дҳал Беҳзоди ноҳияи Коҳат, дар 75-километрии ҷануби Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхва рух додааст.

Полис гуфт, аз рӯйи ҳодиса таҳқиқот оғоз шудааст. Ҳанӯз масъулияти ҳамларо касе ба дӯш нагирифтааст.

Дар гузашта ҷангҷӯёни марбут ба “Ал-Қоида” пизишкон ва посбонҳои онҳоро ҳангоми эмкунӣ ҳадаф қарор медоданд.

Покистон ва Афғонистон ду кишваре дар ҷаҳон ҳастанд, ки дар онҷо фалаҷи атфол зиёд паҳн шудааст. Барномаи зидди фалаҷи атфол ҳадаф дорад, дар Хайбар Пахтунхва 6,24 миллион кӯдаки то 5-соларо эм кунад.

3 кушта ва 19 захмӣ дар таркишҳои рӯзи шанбе дар Афғонистон

Шаҳри Ҷалолобод, 18-уми сентябри соли 2021

Бино ба гузоришҳо, рӯзи 18-уми сентябр дар се таркиш дар вилояти Наргарҳор, шарқи Афғонистон, ба камияш се нафар кушта ва 19 каси дигар захмӣ шудаанд.

Ин ҳамлаи дувуми маргбор дар Афғонистон аз замони ба қудрат расидани “Толибон” дар бештар аз як моҳи охир аст. Ҳамлаи аввал дар наздикии фурудгоҳи Кобул рӯй дода буд.

Шоҳидон ва як узви ҳукумати “Толибон” гуфтаанд, яке аз таркишҳо дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, мошини ҳомили ҷангҷӯёни “Толибон”-ро нишон гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар миёни захмиён занону кӯдакон низ ҳастанд.

Як манбаъ дар вилоят ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, се ғайринизомӣ кушта, шуморе аз ҷангҷӯёни “Толибон” маҷруҳ шуданд.

Ҳеч кас масъулиятро ба дӯш нагирифтааст. Дар гузашта “Толибон” ва шохаи “Хуросон”-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ чунин ҳамлаҳо мекарданд.

Ҷангҷӯёни “Хуросон” душманони ҳокимони нав дар Афғонистон гуфта мешаванд.

Чор нафар пас аз саёҳати серӯза аз кайҳон ба замин бозгаштанд

Акс аз 17-уми сентябри соли 2021

Чаҳор нафаре, ки барои саёҳат ба фазо ё кайҳон рафта буданд, пас аз се рӯз, 18-уми сентябр, дубора ба замин бозгаштанд. Киштиии "SpaceX"-и ҳомили онҳо дар бахше аз соҳилҳои Флорида, дар баҳри Атлантика, поин омад. Ин гуна саёҳатро миллиардер, бунёдгузори мағозаи интернетии Amazon, Ҷефф Безос, оғоз кард. Вай моҳи июли имсол ҳамроҳ бо Безос Уоллӣ Франки 82-сола, Оливер Деймени 18-сола ва Марк Безос ба кайҳон рафта буд.

Артиши Исроил ду фаластинии дигарро дастгир кардааст

Артиши Исроил мегӯяд, инҳоро дар шимоли Каронаи Ғарбӣ дастгир кард

Низомиёни Исроил ду зиндонии дигари фаластиниро, ки тақрибан ду ҳафта пеш аз маҳбаси низомаш сангин фирор карда буданд, дастгир кардаанд.

Ба иттилои артиши Исроил, онҳо дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои вижа дар шимоли Каронаи Ғарбӣ боздошт шуданд.

"Дар баробари онҳо, ду нафари дигар, ки ба террористон ёрӣ медоданд, низ ба даст афтоданд", -- гуфта мешавад дар изҳороти артиш аз 19-уми сентябр.

Дар умум, рӯзи 6-уми сентябри имсол аз зиндони Гилбоа дар Исроил шаш маҳбуси фаластинӣ бо кандани нақб гурехта буданд. Чаҳор нафари онҳоро ҳафтаи гузашта дар шимоли Исроил дастгир карданд.

Маҳбусони фаластинӣ аз ин роҳ аз зиндон фирор кардаанд
Маҳбусони фаластинӣ аз ин роҳ аз зиндон фирор кардаанд

Гуфта мешавад, онҳо аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ, аз ҷумла Ҷиҳоди исломӣ ва ҷиноҳи мусаллаҳи ҷунбиши Фатҳ, вобаста ба раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос, будаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG