Гурӯҳи Давлати исломӣ маъсулияти бомбгузории хунин дар як бозори шаҳри Бағдодро бар ӯҳда гирифт. Рӯзи 13-уми август, дар натиҷаи таркиши як мошини борбари бомбгузоришуда дар бозори пуродами маводи ғизоӣ дар шаҳраки Садри Бағдод, дасти кам 58 нафар кушта шуданд. Дар шаҳраки Садр, умдатан шиамазҳабон зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи маъмурони пулис, дар натиҷаи таркиш ҳамчунин 86 нафар захм бардоштаанд. Ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар гузашта ҳам бо бомбгузориҳои шабеҳ дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод, даҳҳо нафарро куштаанд.