Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи мурофиаи сарбози рус дар Гюмрӣ


Валерий Пермяков дар додгоҳ
Валерий Пермяков дар додгоҳ

Дар додгоҳи гарнизони Русия дар шаҳри Гюмрии Арманистон рӯзи 12 август мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи сарбози рус Валерий Пермяков шурӯъ шуд. Сарбоз дар фирор аз қисми ҳарбӣ ва дуздидани силоҳ айбдор мешавад.

Валерий Пермяков, сарбози пойгоҳи низомии Русия мустақар дар шаҳри Гюмрӣ, моҳи январи соли равон бо иттиҳоми куштори ҳафт узви хонаводаи Аветисян, аз ҷумла, ду кӯдаки ноболиғ боздошт шуд. Сарбози рус ба гуноҳаш иқрор кард.

Баъди ин ҳодиса дар шаҳрҳои Гюмрӣ ва Ереван намоишҳои густурдаи эътирозӣ бо талаби дар Арманистон ва аз сӯи додгоҳи кишвар баргузор намудани мурофиаи Валерий Пермяков баргузор шуданд. Баъд аз ин тасмим гирифта шуд, ки парванда оид ба куштори хонаводаи арманӣ аз сӯи додгоҳи Арманистон бозрасӣ шавад. Додгоҳи низомии Русия бошад Валерий Пермяковро барои фирор аз қисми ҳарбӣ ва дуздидани силоҳ муҳокима мекунад.

Аз ин пеш додгоҳ мӯҳлати боздошти Пермяковро то рӯзи 30 январи соли 2016 тамдид кард.

XS
SM
MD
LG