Дар пайи садамае дар шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз нӯҳ нафар ба дарёи Панҷ ғарқ шуда, ҷон бохтаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ҳодиса шаби 7 августи соли ҷорӣ рух додааст. Ба иттилои манбаъ, "ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҷумъаев Мамадамонулло (1981), сокини деҳаи Ширги ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар километри 319-уми шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ аз баландии 12 метр ба дарёи Панҷ чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофиронаш: Воҳидова Оиниссо (1984), Ҷумъаева Ҳабиба (1976), Сурхова Раҳима (1982) - сокинони шаҳри Душанбе, Шокирова Садбарг (1978), сокини ноҳияи Шаҳринав, Мансури Адабҷон (2011), Наргисаи Умар (2012), Фотимаи Диловар (2014) ва Умедаи Диловар (2009) дар дарё ғарқ шудаанд."