Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 42 нафар дар ҳамлаҳои Кобул


Бар асари силсилаи ҳамлаҳо ба муассисаҳои полис ва низомии шаҳри Кобул дар ду шабонарӯзи ахир дасти кам 42 нафар ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти маҳаллӣ дар бораи ҷароҳат бардоштани садҳо нафари дигар хабар доданд. Шаби ҷумъа дар канори маҷмааи биноҳои вазорати диофъ дар маркази Афғонистон мошини ҳомили маҳоди тарканда инфиҷор кард.

Масъулияти ин ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифт.

Чанд соат баъд як маргталаб ба Академияи полиси Кобул ҳамла кард. Масъулитяи ин ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст.

Моҳҳои ахир дар пойтахти Афғонистон ҳамлаҳои мусаллаҳони “Толибон” афзоиш ёфтанд.

XS
SM
MD
LG