Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо низ зидди созиши ҳастаии Эронанд


Ду сенатори номдор ва узви Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби Демократ эълон кардаанд, ки дар райгирии моҳи ояндаи Конгресси Амрико дар бораи тавофуқоти ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ райи манфӣ хоҳанд дод.

Чак Шумер-сенатори демократ аз Нию Йорк гуфтааст, ки ба назари вай Эрон бо итстифода аз ин мувофиқатнома мехоҳад ба ҳадафҳои “шайтонӣ”-и худ бирасад.

Элиот Энгел-узви олирутбаи Ҳизби Демократ ва узви Кумитаи сиёсати хориҷии Маҷлиси Намояндагон низ гуфтааст, ки бар зидди ин мувофиқатнома рай хоҳад дод. Ба гуфтаи вай, ин мувофиқатнома натавонистааст вайро қонеъ созад, ки Эрон имкони дастрасӣ ба силоҳи ҳастаиро надорад.

Энгел таъкид кардааст, ки ин мувофиқатнома мумкин аст мавқеияти Эронро ба унвони омили бесуботӣ дар Ховари Миёна собит созад.

Тақрибан ҳамаи ҷумҳурихоҳон дар Конгресс бар зидди ин мувофиқатнома рай хоҳанд дод ва аз даст додани ҳар райи демократҳо ба натиҷаҳои райдиҳӣ таъсири амиқ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG