Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони поккорӣ дар пойгоҳи ҳастаии Порчини Эрон


Як маркази таҳлилии Амрико мегӯяд, ки мумкин аст Эрон пойгоҳи ҳастаии худ дар Порчинро поккорӣ кунад. Амрико ва Исроил шубҳа доранд, ки Эрон дар он ҷо силоҳи ҳастаӣ месозад. Вале Эрон ин иддаоро қабул намекунад.

Пажуҳишгоҳи илмӣ ва амнияти байналмиллалии Амрико 6 август ба аксҳои моҳвораӣ ишора кард, ки дар он булдозеру ғалтаки бузурги буғӣ, қисматҳои нави сохтмон аз ин минтақа берун бурда мешаванд. Вале Эрон мегӯяд, ки он бахше аз корҳои сохтмони роҳ будааст.

Гурӯҳе, ки бозраси пешини ҳастаии СММ ташкил кардааст, мегӯяд, ки ин аксҳо баъд аз 14 июли соли ҷорӣ, яъне баъд аз расидан ба тавофуқоти ҳастаӣ бардошта шудаанд. Ин гурӯҳ бояд хулосаҳои илмии худро роҷеъ ба аслиҳаи ҳастаӣ барои баррасӣ пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG