Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии як афсари пулис дар Рӯшон


Як афсари 34-солаи пулис дар Рӯшон бо истифода аз туфангчааш худкушӣ кардааст. Мақомоти пулис дар ин бора шарҳи бештар намедиҳанд, вале мегӯянд, ки додситонӣ таҳқиқи ҳодисаро оғоз намудааст.

Ганҷур Ҳайдарбекови 34-сола, афсари пулис дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон, соати ҳафти субҳи 4 август бо истифода аз туфангчааш худкушӣ кардааст. Ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Саодатбек Исмоилов - корманди Шӯъбаи умури дохилии Рӯшон, тасдиқ кард ва гуфт, ки Ҳайдарбеков баъд аз сӯиқасд ба ҷонаш ба бемористон интиқол ёфта, дар пайи ҷароҳати бардоштааш дар бахши эҳёгарӣ ҷон додааст. Ҳайдарбеков оиладор ва соҳиби ду фарзанд будааст.

То ҳол мақомот далели худкушии ин афсари пулисро шарҳ намедиҳанд. Ҳамсӯҳбати мо аз Шӯъбаи корҳои дохилии Рӯшон низ гуфт, ки додситонӣ дар робита ба ин қазия парванда боз кардааст ва ҷузъиёти бештар баъд аз ташхис ва хулосаи онҳо эълон хоҳад шуд.

Вале манобеи мо дар Бадахшон мегӯянд, зоҳиран худкушии Ганҷур Ҳайдарбеков ба тирпаронии панҷ рӯзи пеш дар маркази ноҳияи Рӯшон рабт мегирад, ки боис баҳалокати Бадавлат Кименови 20-сола, донишҷӯи соли дувуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон шуд.

Ба қавли манобеъ, ҳарчанд дар ин ҳодиса касе аз Ҳайдарбеков ном нагирифт, аммо ӯ баъд аз тирпаронии маргбор мавриди бозпурсии мақомоти интизомӣ қарор гирифта будааст. "Ҳамон шаби тирпаронӣ вай дар ҷойи кораш будааст. Вақте бачаҳо ба ҳам дармеафтанд ва тирпаронӣ сурат мегирад, Ганҷур Ҳайдарбеков аз ҷойи кораш берун набаромадааст. Баъд аз ин, мақоот ӯро мавриди бозпурсӣ қарор дода, ба хунукназарӣ муттаҳам кардаанд," -- афзуд манбаъ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 1 август аз боздошти нӯҳ нафар дар пайи куштори Бадавлат Кименов хабар дод. Ин ниҳод гуфт, куштори Бадавлат шаби 29 июл, баъд аз он сурат гирифтааст, ки ӯ ва ҳашт тан аз дӯстону ҳамроҳонаш дар назди бинои "Тоҷиктелеком"-и Рӯшон ронандаи худрави тамғаи "Ланд-Крузер" Асрат Ёқубов (1978)-ро латту кӯб намудаанд.

"Шаҳрванд Ёқубов зарари ҷисмонӣ бардошта, рафта аз хонаи истиқоматиаш таппончаи тамғаи “Макаров”, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, гирифта ба назди “Тоҷиктелеком” баргашта, ба тарафи ҷавонони номбаршуда тир холӣ менамояд. Дар натиҷа шаҳрванд, Кименов Б. қисмати сараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст," -- омадааст дар хабар расмии ВКД.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳашт тан аз дӯстону ҳамроҳони Бадавлат - Наҷиб Фарҳодов (1992), Сиёвуш Акобиршоев (1996), Раҳмат Рӯзадоров (1995), донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун, Хушбахт Шакарбеков (1987), Шоҳхуррам Хушқачинов (1997), Алишер Фатҳуллоев (1993), Арун Юсуфшоев (1985) ва Таваккал Сардоров (1989) ба иттиҳоми авбошӣ дастгир шуда, Асрат Ёқубов бо иттиҳоми куштор дар ҳабси пешакӣ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG