Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобкориҳои борону сел то Мурғоб расид


Саодатшоҳ Назрибеков, раиси Идораи роҳсозии Мурғоб, рӯзи 3 август а Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта бар асари боронгарии дарозмуддат 7 километр роҳи Мурғоб то деҳаи Рангкӯл ва роҳи миёни ин ноҳияи Бадахшон ва Ӯши Қирғизистон хароб шудааст. Оқои Назрибеков гуфт, вақте шабона ба ҷойи ҳодиса омаданд, сел “Нива”-и раиси “Бадахшонроҳ”-ро низ бурдааст. Бино ба иттилои расмӣ то кунун 10 манзили сокинони деҳаи Рангкӯл зери об мондаанд. Саодатшоҳ Назрибеков афзуд, дар ҳоли ҳозир мошинҳои калон ва сабукрав наметавонанд, роҳро убур кунанд ва деҳаи Рангкӯл дар инзивоъ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG